ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛ: КАБИРӢ ХОИНИ МИЛЛАТ!

Тоҷикистон ватани азизамон имрӯз хеле пеш рафтааст ва ҳар як тараққиёту пешравӣ дар кулли соҳаҳо мушоҳида мешаваду дар чашми халқ аён аст. Аммо ҳастанд, нотавонбиноне, ки ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа, фиреб додани насли ҷавон ин пешравиҳоро нодида гирифта, даст ба бӯҳтону таҳқири миллат мезананд, ки ин як хиёнати маҳз мебошад. Яке аз чунин афроди кӯрнамак ва бешарафу бевиҷдон М. Кабирӣ мебошад, ки ҳамарӯза ҷомеаро мехоҳад бо дасисабозиву иғвобарангезиҳояш аз роҳ занад. Кабирӣ яке аз хоинҳои ашадии миллати тоҷик мебошад ва ин душманияшро ҳамагон бараъло мушоҳида менамоем ва албатта барои чунин кӯрнамакӣ ва хиёнат бар ӯ лаънат мехонем.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душмани миллати тоҷикро комилан маҳкум намуда, бар Кабирӣ лаънат мехонем!