ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ СОХТМОН ВА КОРҲОИ МАРКШЕЙДЕРӢ: “ХИЁНАТ” РАВЗАНАЕСТ БАРОИ ШИНОХТИ ХОИНОНИ МИЛЛАТ

Ҳамон гуна, ки барои ҳамгаон маълум аст, аъзоёни ТТЭ ҲНИ душманони миллати тоҷик, шурӯъ аз солҳои 90-ум то ба ин ҷониб бар алайҳи миллати тоҷик баромад намуда, талош мекунанд, то ҷомеаро гумроҳ созанд ва кишварро ноором намоянд. Ҳамон гуна, ки маълум аст, пас аз нашри филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” аллакай ҷомеа дарк намуд, ки  душманони миллати тоҷик ба хотири фиреб додани ҷомеа ва гумроҳ сохтани онҳо чандин ниқоб ба рӯ кашида будаанд. Воқеан ҳам филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”  чеҳраи аслии душманони миллатро, аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва дигар бадкешонро ифшо сохт, ки ин як санади таърихӣ бигӯем ҳам мешавад.

Филми мустанади “Хиёнат” дар ҳақиқат як равзанае барои шинохти чеҳраи аслии наҳзатиён –хоинони миллат гардид, ки имрӯз насли ҷавон фаҳмид, ки ин наҳзатиён чӣ гуна барои ҷомеа хиёнат кардаанд ва кишварро хароб  гардонидаанд.

Мо, омӯзгорони кафедра ба созандагони филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” сипос гуфта, бар хоинони миллати тоҷик –наҳзатиёни палид лаънат мехонем!