ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ МАТЕМАТИКАИ ОЛӢ ВА ИНФОРМАТИКА: М. ОДИНАЕВ ҚОТИЛИ МАККОР!

Ҳамин чанд рӯз қабл наворе дар расонаҳо ба нашр расид, ки дар он як бонуи ҷабрдида, ки ҳамсояи Маҳмурод Одинаев муовини раиси ҲСДТ асту модарашро ҳамсояаш, яъне ҳамин М.Одинаев ба қатл расонидааст.  Тавре, ки аз навор бармеояд, зани бегуноҳ ва солдидаро М.Одинаев бо маслиҳати пешакӣ бо завҷааш ба қатл расонидаву барои пушонидани гуноҳаш зани фавтидаро ба беморхона бурдаву баргардонидааст, ки ин бисёр ҳам ноҷавонмардӣ мебошад.

Аммо ин ҳама ҷиноятҳояшро М. Одинаев  пинҳон намуда, дар қолаби  мухолифи сиёсӣ баромад намуда, бештар ҷомеаро гумроҳ мекард. Ин амали Маҳмурод Одинаевро мешавад ҳамчун як маккорӣ унвон кард. Чунки М. Одинаев воқеан ҳам ҳамчун як маккор ва айёр фаъолият намуда, бештар ҷиноятҳои пайвандонаш ва хешу ақрабояшро тобиши сиёсӣ медод, то аз ҷавобгарӣ дар назди қонун озод шавад.

Ҳамин аст ҳиллаву найранг ва макри Маҳмурод Одинаеви аз сиёсат бехабар ва аз ақлу хирад дур, ки мехоҳад худро ҳамчун мухолиф дар ҷомеа муаррифӣ созад.

Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки чӣ гуна М. Одинаев зани пиронсолро ба қатл расониду боз ором нишаст?

Ба рӯйи мардум чӣ тавр менигариста бошад?

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори нодуруст ва ноҷавонмардонаи М.Одинаеви қотилро маҳкум намуда, бар ӯ шармат бод мегӯем!