ИЗҲОРОТИ ОМУЗГОРИ ДКМТ М.МИРЗОАХМЕДОВ: ТАНЗИМИ РУЗГОР БА НАФЪИ МОСТ

Ба хотири ҷилавгирӣ аз харҷи беҳуда дар маъракаҳо Қонуни танзим ба тасвиб расид, ки як ҳадаф дорад: беҳбудӣ бахшидани ҳаёти мардум. Он чи ки дар мақолаи Мирзорахмат Саломов бобати дахолат ба ҳаёти шахсӣ менависад, розӣ буда наметавонам. Ба ин маънӣ ки аксарият аз ҳамин Қонун пуштибонӣ мекунанд, ки то андозае рузгори эшонро сабук намуд. Масалан, таҷлили “Занги охир” дар мактаб, таҷлили зодруз ва туйҳои бадабдаба дар ниҳояти кор боиси коҳиш ёфтани буҷети оила мешуд. Аз ин пас, ҳар кас дар доираи маҳфили худ хоксорона зодрузашро таҷлил менамояд.  

Хуллас, танзими рузгор ба нафъи мост