ИЗҲОРОТИ ОМУЗГОРИ ДКМТ М,ПОЧОЕВ: ЗАБОН ДОНӢ ҶАҲОН ДОНӢ

Мушоҳида менамоем, ки имрузхо хушбахтона дар давлати мо дар донишгоххои олй, мактабхои миёнаву муассисахои илмии кишвар забонхои гуногуни чахонй омухта мешавад. Имрузхо тифли дилбанди фарди точик бо чандин забони дунё муошират менамояд. Ба давлатхои хорича рафта, тахсили илм мекунанд, сохибмаьлумот мегарданд. Ин албатта, ба пешравии миллат, давлат ва кавми точик манфиати хуб меорад.

Ҳамчунин дар чумхурии азизамон сафоратхонахои зиёди давлатхои дунё арзи хастй доранд, ки хамкорихои байналхалкии Точикистонро бо дигар давлатхо чонибдорй мекунанд. Ин низ, албатта, ба забономузиву забондонй ва робитахои зиёди давлатхо огахй медихад.

Хар кас ба забони худ сухандон гардад,

Донистани сад забон осон гардад.

Забондонист, ки имрузхо фардияти точик бо хамаи кишвархои дунё робитахои дустй дорад. Ба сафархо мебарояд. Мусикии мардуми точикро чахониен гуш меандозанд, халоват мебаранд. Фарзанди миллати точик кормандони бузурги давлатхои таракдикардаи дунёанд. Аксарияти мардону занони точик дар кишвари Руссия чун дар хонаи хеш кору фаъолият мекунанд. Фарзандонашон дар мактабхои онон таълиму тарбия мегиранд. Имруз дар гуфтор мардуми точикзабонро аз миллати рус тафовут додан амрест махол. Фарди точик дар гуфтугуй бо мардуми эронинажод кариб, ки баробаранд. Фарзанди точик бо забонхои англисй, немисй, русй, чехи озодона дар гуфтугуянд. Ин албатта, фахри давлату миллати точику Точикистониён аст.

Дар Бадахшони куҳӣ низ ба хотири омузиши забон тадбирҳои муҳими маърифатӣ андешида шудааст.