ИЗҲОРОТИ КОРМАНДОНИ ШУЪБАИ КАДРҲО: КОРОНАВИРУСРО МАҒЛУБ МЕКУНЕМ!

Имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон ҳолати мубориза бо пандемияи КОВИД-19 ё ин ки коронавирус рафта истодааст ва дар бисёре аз кишварҳо давраи карантин пешбинӣ шудааст, ки дар он одамон дар шароити хона ва маҳдудкунии худ аз таҷаммуъ ба сар мебаранд ва ин беҳтарин роҳ барои пешгирӣ аз коронавирус имрӯзҳо дониста мешавад.

Ҳоло моро низ зарур аст, ки тавсияҳои табибонро риоя кунем ва дар хонаҳо бишинем, то сабаби мубталошавии касе нагардем ё худ аз мубталошавӣ эмин бимонем. Як давраи муайян ҳар яки моро зарур аст, ки аз чунин шева кор бигирем ва оромона дар хона бимонем.

Аммо чизи дигарро набояд фаромӯш намуд, ки  ҳар як амали пешгирифтаи мо ба саломатӣ хидмати бузургу баҳри тезтар нест намудани ин пандемияи ҳамагир дар кишвар мебошад.

Мо, кормандони шуъба аз ҳамаи ҳамватанон даъват ба амал меоварем, ки дар ин шароити вазнин ва зуҳури пандемияи КОВИД-19 тавсияи табибонро риоя кунанд ва лутфан дар хонаҳои худ бимонанд.