ИЗҲОРОТИ КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ ТЕСТӢ ВА БАҚАЙДГИРӢ: “БОМДОД.КОМ” –ТАРҲИ НАВИ НАҲЗАТПАРАСТОНАИ М.САЛИМПУР!

Ҳамагон хуб медонанд, ки имрӯзҳо душманони миллати тоҷик, дар хориҷ аз кишвар бар алайҳи миллату давлати тоҷикон баромад намуда, бо тарҳу лоиҳаҳои гуногуни иғвобарангезона мехоҳанд, ки ҷомеаро ба гумроҳӣ баранд ва сулҳу оромии ҷомеаро ба ҳам зананд.

Яке аз чунин хоинони миллати тоҷик, рӯзноманигори террорист, М. Салимпур мебошад, ки дар аввал сомонаи “ахбор.ком”-ро ташкил дода буд ва пас аз ошкор шудани сомонааш, вайро баста, сомонаи дигареро бо номи “бомдод.ком” таъсис дод, фаъолиятҳои ифротӣ ва душманонаашоро идома диҳад. Маълум аст, ки сомонаи Мирзои Салимпур душмани миллати тоҷикро хоҷагони хориҷии ТТЭ ҲНИ маблағгузорӣ менамоянд ва ба ҳамин хоти М. Салимпур ғояҳои ифротиву террористии наҳзатиёни хоинро тарғиб менамояд.

Мо, кормандони марказ ин рафтори душманонаи М. Салимпури хоинро комилан маҳкум намуда, бар вай лаънат мехонем!