ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ЭКОЛОГИЯ: ТЭТ ҲНИ ЯК СОЗМОНИ КОМИЛАН ИФРОТИСТ!

Чанд рӯзи охир баромадҳову муносибати аъзоёни ТЭТ ҲНИ-ро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида ба ҳайрат афтодем. Охир чи тавр мешавад, ки ҳамин гуна одамон даъвои мансаб мекунанд. Онҳо ҳатто саводи дуруст надоранд ва сониян даъвои курсии мансаб кардани онҳо аблаҳии маҳз аст.

Гумон меравад, ки ин афрод аз роҳи мактабу маданият нагузаштаанд ва намедонанд, ки муносибат ва фарҳанги муомилаву муколама чист?!

Ҳатто дар вақти суханронӣ онҳо таҳдид мекунанд ва фишор меоранд, ки ин гуна амал танҳо хоси террористон аст. Ва террористони наҳзатӣ аз ин шеваи корашон хушҳоланд. Дар ҳоле, ки миллат ба тӯдаи авбошон кайҳо туф кардааст.

Созмони террористӣ будани ТЭТ ҲНИ ва террорист будани аъзоёнашро мо бараъло аз рафтору гуфтори аъзоёнаш ҳис менамоем.