ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ЭКОЛОГИЯИ ДКМТ: ФАРҲАНГИ СИЁСӢ ТАКМИЛ МЕТАЛАБАД

Дар доираи муоширати сиёсӣ фарҳанги сиёсат такмил металабад. Аз он ки неруҳои мухолифин берун аз кишвар истода санги маломат ҳаво медиҳанд, авзо беҳбуд намешавад.

Дар доираи қонунҳои мавҷудаи кишвар мубоҳисаи сиёсӣ бояд баргузор гардад. Яъне барои таҳким бахшидани пояҳои Истиқлолияти кишвар фикру мулоҳизаҳои созанда дар доираи одоби баҳс пешниҳод шавад.

Айёми даъватҳои гирдиҳамоӣ ва ба доми фиреб гирифтор намудани ҷавонон кайҳо сипарӣ гардид.