ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ЭКОЛОГИЯИ ДКМТ: ДАСИСАКОР ДӮСТ НЕСТ

Хуб медонанд, ки дар ҳама давру замон шахсони бадхоҳи давлату миллат ба руи саҳна меоянд, ки бевосита мехоҳанд бо ҳар роҳу васила ниятҳои нопоку иғвоангезӣ худро амали созанд, ки мисли ин гуна шахсон ба монанди Мирзои Салимпур ва ҳаммаслакони ў мебошанд, ки имруз дар хориҷи мамлакат истиода бар зидди давлати худ низо барангехта истоадаст. Ҳатто имруз давлатҳое ба назар мерасанд, ва ҳамчунин кўшиш менамоянд, ки дар арсаи ҷаҳонӣ ягон низоҳои сиёсиро баранггезанду худаш мисли як давлати бегуноҳ тамошобини ин низоҳои сиёси гарданд. Чунин  шахсоне, ки бар зидди миллати худ силоҳ бардошта ҷанг мекунанд ҷавононе ҳастанд, ки бевоситафирефтаи суханонӣ бардурӯғи хоҷагони худ гардидаанд намедонанд, ки бар манфиати ки?. ва барои чӣ?. мубориза бурда истодаанд. Ин ҳамон гуруҳҳои террористию экстемистӣ Ҳизби Назҳати Исломӣ мебошанд, ки дар хориҷи мамлакат истода бо паҳн кардани ҳар гуна маълумотҳои нодуруст нисбати сиёсати имрузаи давлат нисбати кормандони сохторҳои қудрати он ақидаҳои ғалатро паҳн карда истодаанд. Аммо имруз шаҳрвандони кишвар медонанд, ки барои ба ин дастовардҳо ноил гардидан нақши кормандони мақомотҳои қудрати ва пеш аз ҳама кўшишу заҳматҳои бевоситаи Сарвари давлатамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бениҳоят бузург мебошад.

Хуб медонем, ки дасисакор дӯсти воқеӣ шуда наметавонад.