ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ФГИ-И ДКМТ: МАЪРИФАТИ ШАҲРВАНДӢ АЗ ҲУҚУҚИ ИНСОН САР МЕГИРАД

Дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд зистан маънии риояи қонунҳои мавҷудаи кишвар мебошад.

Баробари баҳраёбӣ аз ҳуқуқҳои инсон маърифати шаҳрвандии худро низ бояд такмил дод. Яъне уҳдадории шаҳрванд тибқи Конститутсия супоридани андоз ва адои хизмати ҳатмии ҳарбӣ.

Боқӣ шомили дину мазҳаб ва ҳизбу ҳаракат шудан аз сатҳи маърифати шаҳрванд гувоҳӣ медиҳад. Аммо дар ин ҳолат наврасону ҷавонон бояд зери назорати волидону устодон бошанд.

Ба даъвои мухолифини дар маҷлиси Женева розӣ нестем, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқи инсон поймол мешуда бошад.

Мо бояд дарк намоем, ки маърифати инсонӣ аз маърифати шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи инсон сарчашма мегирад.