ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯИ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗИ Донишкадаи Куҳӣ-Металлургии Тоҷикистон : МУХОЛИФИНРО АФСУН КАРДААНД!

Руйдодҳои ибрози ақидаи мухолифин дар Кумитаи ҳуқуқи башари Женева мо аҳли омузгоронро ро ба ҳайрат гузошт. Дар назди коршиносони байналмилалӣ Ватани худро ва аз сарзамини худ  изҳори пушаймонӣ намуда, боз мақоми гурезаро пардапуш карда дастагули туҳматро партофтан чӣ маъно дорад?

Сохтам чун шона номи зулфи ӯ вирди забон,

Охир аз афсун дамидан ром кардам мор ишқ.

Ба ин ҳангомаи сиёсӣ мухолифин дар Аврупо худро вирди забонҳо карданӣ шуд. Аммо бехбар аз он ки кайҳо аз ҷониби сиёсатмадорони мақомотҳои ҷосусии кишварҳои хориҷа афсун карда шудааст.

Аммо арзишҳои муқаддаси миллӣ ба мисоли Ватан-модар, миллат, мулки обод куҷо шуданд? Наход афсуни зархаридон шуда чун мори ромшуда ба сурнайи  хориҷиҳо рақс кунад. Ҳайфи фарзанд ва обу хоки Тоҷикистон, шавӣ!