ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ФГИ: ВОҚИФ АЗ ТАЪРИХ БОШЕМ!

Баҳрамандӣ аз дониши пурбори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ имкон намедиҳад, ки моҳияти суханони сиёсатмадори бузурги гузашта Куруши Кабирро дар Эъломияи маъруфи ӯ фаромӯш намоем. Куруши Кабир зимни арзёбии шеваи раҳбарӣ ва раҳнамоии худ ба нуктаи хеле ҷолиб ишора кардааст, ки омӯзишу баҳрамандӣ аз он дар роҳи пешгирӣ аз ифротгароӣ хеле муфид аст. Куруш менависад, ки «вазъи дохилии Бобул ва амкинаи муқаддаси он қалби маро такон дод. Фармон додам, ки ҳама мардум дар парастиши Худои худ озод бошанд ва бединонро наёзоранд. Худои бузург аз ман хурсанд шуд ва ба ман, ки Куруш ҳастам ва ба писарам Камбуҷия ва тамоми лашкари ман аз роҳи иноят баракати худро нозил кард. Подшоҳоне, ки дар ҳама мамолики олам дар сарзаминҳои худ нишастаанд, аз дарёи боло то дарёи пойин ва подшоҳони Ғарб хироҷи сангин оварданд ва дар Бобул ба пойгоҳи ман бӯса заданд. Фармон додам, ки аз Бобул то Ошур ва Шуш ва Акад… ва ҳамаи сарзаминҳое, ки дар он тарафи Даҷла воқеанд ва аз айёми қадим бино шудаанд, маобидеро, ки баста шуда буд, бикушоянд. Хамаи худоёни ин маобидро ба ҷойҳои худ баргардондам, то ҳамеша дар он ҷо муқим бошанд. Аҳолии ин маҳалҳоро ҷамъ кардам ва манозили онҳоеро, ки хароб карда буданд, аз нав сохтам ва худоёни Сумеру Акадро беосеб ба қасрҳои онҳо, ки «шодии дил» ном дорад, бозгардондам. Сулҳу оромишро ба тамоми мардум ато кардам».

Барои мо воқиф будан аз таърихи худ ба манфиати умум аст.