ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ УМУМИТЕХНИКӢ: ТЭТ ХНИ БЕГОНАПАРАСТ АСТ

Намояндагон ТЭТ ҲНИ   бо маслиҳат ва дастуру супоришҳои  ашхоси бегона  ба ватани аслии худ хиёнат карда истодаанд.  ТЭТ ҲНИ   ба арзиши  инсонӣ эҳтиром надорад.  Ҳар қадами аъзои ин гурўҳ  хиёнат ва разолату ҷоҳилист. Аъзоёни ин гуруҳ мехоҳанд, ки ба кишвари мо боз ҳамон  солҳои наваддум дубора ояд ва   кишвар ба майдони  ҷангу низои байналхалқӣ табдил ёбад.   ТЭТҲНИТ  аз гуруҳҳое  мебошад, ки  дар таърихи навини Тоҷикистон  кори нангинро  асос гузошт.  Имрўз низ бо нақшаву мақсадҳои сиёҳи худ ва дастгирии душманони миллати тоҷик аз дур ҳам бошад  кўшиш намуда истодааст, ки мардуми тоҷикро ба ҷанг даъват намояд.  Ба хусус, Муҳиддин Кабирӣ ин хоини миллат дар ҳар ҷаласаву ҷамъомадҳо таъкид медорад, ки дар Тоҷикистон ваҳдасти ҳақиқӣ нест. Ноҷавонмардона ва душманона муносибат дорад нисбат ба ҳукумати имрўз. Мақсади аслии Муҳиддин Кабирӣ давлатро ба давлати исломӣ табдил додан, мардумро ба халқҳои дигари  муайян якумр побанд сохтан, ба хурофоту боварҳои кўҳнаи динӣ даровардан, роҳи афкори озод ва идеяҳои эҷодиву дунявиро бастан,  бо истифода аз ҳамин режим манфиятҳои худро ба амал баровардан аст. Ҷавононро ба ҷангҳои бемақсаду пурхатар сафарбар намудан, дар миёни ҷомаеи тоҷикон тухми нифоқ коштан, ба ҳаргуна ҳарзаҳо худ ва пайравони худро бегуноҳ эълом доштан аз корҳои ҳамарўзаи Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш мебошад.  Имрўзҳо беш аз пеш собит гардида истодааст, ки сабабгори аслии тамоми бадбахтиҳо ва корҳои нанговари зиёд  ҳамин гурўҳи  ифротӣ мебошад. Суханронии Кабирӣ дар Олмон бори дигар собит намуд, ки ин шахси сиёҳи миллат ҳаргиз ният ва мақсади нек надорад. Моро зарур аст, ки фитнаҳо ва дасисаҳои чунин душманонро саривақт бишносем.

 

Сидиқов Н., мудири кафедра,

Насриддинов Ш. Сармуаллими кафедраи фанҳои умумитехникӣ

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

2 × чор =