ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ УМУМИТЕХНИКӢ: НУРБОРОН ШУД, ХОНАИ ТОҶИК

Дар ин давраи басо ҳассос ва шароити ҷаҳонишавӣ расидан ва ё худ даст ёфтан ба имкониятҳои бузург на ба ҳар миллат муяссар мегардад. Зеро кишварҳои абарқудрати ҷаҳон ҳар дам мехоҳанд нуфузи худро афзун гардонанд ва кишварҳои худро ба ҳар навъе набошад, зери тобеияти хеш қарор диҳанд ва маҳз ба ҳамин хотир онҳо аз роҳҳои гуногун истифода мекунанд, то ба мақсадашон бирасанд. Маҳз дар ҳамин давраи мушкил бунёди нерӯгоҳи бузурге мисли “Роғун” хеле мушкил аст, аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Пешвои муаззами миллат ҳамаи мушкилиҳову садгузориҳоро бартараф намуда, тавонистанд имрӯз чарха ва ё худ агрегати дуюми нерӯгоҳро ба кор дароранд. Ин албатта бахти бузурги миллати тоҷик аст, ки чунин роҳбари хирадманду оқил ва тавонову ҳакимро сазовор гардидааст. 

Коршиносон аксар ба он назаранд, ки нерӯгоҳи барқи обии Роғун як бахши азими иқтисоди кишварро ба дӯши худ мегирад ва яке аз шаҳсутуни иқтисоди кишвар дар оянда хизмат хоҳад кард. Баъзан Роғунро махзани сарват ва кохи нур ёд мекунанд, ки ҳарду ҳам дар ҳақиқат дуруст аст ва бо ба истифода додани ҳамаи агрегатҳо Тоҷикистон ва мардуми он метавонанд аз мушкилиҳои зиёде раҳо ёбанд ва ҳамчун сабади сармоявӣ ё худ фонди хазинавӣ ба миллати тоҷик хизмат менамояд.

Боиси хушнудист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри боз ҳам муҷаллову нурбор гардидани хонадони тоҷик дар рӯзи ҷашни Истиқлол, ки неъмати бузургест барои миллат, чархаи дуюми нерӯгоҳи Роғунро ба кор дароварданд.

Мо ин хизмати бузурги Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳаргиз фаромӯш намекунем ва пайваста талош мекунем, то арзандаи ин ҳама ғамхориҳо бошем.