ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӣ-ИҶТИМОӣ: ТЭТ ҲНИ БАРОИ БАРПО НАМУДАНИ ДАВЛАТӣ ИСЛОМӣ ДАР ТОҶИКИСТОН КЎШИШ ДОРАД

Ҳама гуна пешравӣ дар Тоҷикистон пеш аз ҳама самараи истиқлолият мебошанд ва халқи тоҷик дар фазои ваҳдату ягонагӣ ва оромиву субот  дар самти расидан ба зиндагии шоиста қадамҳои устувор гузошта истодааст. Бо вуҷуди ин  душманони  мардуми тоҷик аз ҷумла  ТЭТ ҲНИ  ва аъзоёни ў то ҳоло бо баромадҳои ғаразмандона ва  бемазмун дар дигар давлатҳо  мекўшанд назари мардумро ба худ ҷалб намоянд. Ҷаласаҳои баргузоргардида аз ҷониби ин гурўҳи террористӣ  мисоли равшани он аст, ки душман ҳаргиз аз мақсадҳои сиёҳи худ даст накашидааст.  Созмондиҳандагон ва намояндагони ин ташкилот  шеваҳои гуногуни  тавтеаандозӣ ва фитнагариро истифода намуда, даъво менамоянд, ки дар Тоҷикистон ваҳдати миллӣ вуҷуд надорад. Аммо, бехабар аз онанд ё дида наметавонанд, ки дар Тоҷикистон сулҳу осоиштагӣ ва пешрафтҳои созанда маҳз аз баракати ваҳдати миллӣ ва сулҳи тоҷикон аст. ТЭТ ҲНИ  барои  барпо намудани давлатӣ исломӣ дар Тоҷикистон  кўшиш дорад. Ва  барои расидан ба ин ҳадаф онҳо тамоми ваҳшониятро зери парчами дини ислом амалӣ карданиянд.

Дасисаҳои сиёсии ин ҳизби мамнушударо маҳкум менамоем.

 

Иззатуллоев Р. Дотсенти  кафедра,

Тошматов З., сармуаллими кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ

 

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

як × як =