ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ТАҶҲИЗОТ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ МОШИНСОЗӢ: ИФРОТГАРОЁН ДУШМАНИ ОЗОДИВУ СУБОТИ ҶОМЕА

Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат имрӯзҳо кишвар хеле ободу зебо гардидааст ва шукрона, ки имрӯз дар саросари мамлакат фазои сулҳ ҳукмфармост ва тамоми шаҳрвандон аз фазои сулҳу оромӣ нафас мекашанд. Зиндагии босаодатро шаҳрвандони кишвар дар таъмини суботи ҷомеа мебинанд ва хушбахтона имрӯз дар мамлакат суботу оромӣ ҳукмфармост.

Аммо чанд тан аз душманони миллат, ки ҳамчун ифротгароён ҷомеа онҳоро мешиносад ба хориҷ фирор намуда, барои халалдор намудани ин оромиву субот талош меварзанд. Аслан ин афрод на ифротгаро, балки террористи ашадӣ ҳастанд, ки барои ноором кардани ҷомеа талош меварзанд.

Ин хоинони миллат, ки ҳоло дар хориҷ қарор гирифтаанд, ҳама дастовардҳо ва пешравиҳои кишварро нодида гирифта, талош менамоянд, ки ба оромиву суботи ҷомеа халал расонанд ва мардумро гумроҳ созанд.

Мо омӯзгорони кафедра ин амали хоинони миллатро маҳкум намуда, талаб менамоем, ки мақомот пеши роҳи ин ифротгароёнро, ки бар озодиву суботи ҷомеа халал мерасонанд, бигиранд.