ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ТАЪМИНОТИ БАРҚ: ҶАВОНОН БОЯД АЗ ҒОЯҲОИ ИФРОТӢ ПАРҲЕЗ КУНАНД!

          Дар чанд соли охир бо зуҳури ҷараёнҳову ҳаракатҳои ифротӣ дар сайёра авзоъ ва фазои ҷаҳон низ ба куллӣ тағйир ёфт. Мушкилоти тарбияи солим ва бехатари насли ҷавон аз масоили аввалиндараҷа дониста мешавад, ки барои ҳалли худ чораҳои зарурӣ мехоҳад.

          Дар кишвари азизи мо ҳам як силсила барномаҳову нақшаҳо ҷиҳати пешгирии ҷавонон ва солим нигоҳдоштани андешаи онон аз ҳар гуна ҷараёнҳову ҳаракатҳои ифротӣ амал менамоянд. Ва албатта, барои натиҷа додани ин барномаҳо пеш аз ҳама бояд худи ҷавонон фаъол бошанд. Онҳо бояд аз падидаҳои номатлуби асри нав, ҷараёнҳои ифротии динӣ канораҷӯӣ кунанд ва бо ҳамин васила метавонанд, худро ва андешаи худро аз вабои аср солим наҷот дод.

          Аз ин лиҳоз, ҷавононро лозим меояд, ки аз ҳаракатҳои динии ифротӣ ва созмонҳои ба монанди ТЭТ ҲНИ, ки аз созмонҳои бузурги террористӣ дар Осиё маҳсуб меёбад, дурӣ биҷӯянд. Зеро бо аҳамият додан ба андешаву паёмҳои хиёнаткоронаи наҳзатиёни ифротӣ мафкураи ҷавонон зарар мебинад ва таъсири манфии он хеле вазнин аст.