ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ СОХТМОН ВА КОРҲОИ МАРКШЕЙДЕРИИ ДКМТ: АЗ ТӮДАИ АВБОШОН ҚАҲРАМОН НАТАРОШЕД!

Як муноқишаи сарироҳӣ дар шаҳри Хоруғ муъҷиби ҳангома дар сархати ахбор шуданаш касро ба шигифт меорад. Моро зарур аст, ки бештар дар байни мардум аз зарарҳои ҷонкоҳи шомил шудан ба азҳобҳои гуногуни сиёсӣ ба ҷавонон ҳушдор диҳем ва бо мисолҳои мушаххас исбот намоем, ки чи гуна ин азҳобҳои ба дину ойин ва таффакуру эътиқоди мо душман буда, барои ҷавонону давлати мо метавонанд зарарҳои гарони ҷониву молӣ оранд. Фақат моро лозим аст, ки ба онҳо аз зарари ба сари миллати мо меомадаро ҳам аз лиҳози ҷонӣ ва ҳам аз лиҳозӣ молиявӣ дуруст фаҳмонем. Имрӯзҳо сар то сари оламро муборизаҳои пасипардагии абарқудратҳо барои дастёфтани доройии давлатҳои камқувваттар ба ҳайрат овардааст. Дар наздикии сарҳади давлатии мо ки бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон зиёда аз 1000 (ҳазор) км дар бар мегирад, аз тамоми давлатҳои олам дар гурӯҳҳои номнависшуда ва номнависнашудаи Афғонистон фиристондагони махсусе ҷойгиранд, ки мақсади онҳо мунтазам вайрон кардани амнияти сарҳадӣ буда, дар лаҳзаҳои қулай ба тарафи давлати мо яъне Тоҷикистон фиристондани ҷосусашон мебошад, ки мақсади асосии онҳо аз вайрон кардани мафкураи ҷавонони мо иборат буда, мехоҳанд, ки фазои орому осоиштаи сиёсии моро бо таффаккури заҳролуд хароб созанд. Ҳодисаи дирӯз шударо ҳангома сохтан сомонаҳои мухталифи хидматгори хоҷагони беруна худ гувоҳи он аст. Дар он гӯё як гурӯҳ ҷавонони бадахшонӣ алайҳи давлат ҷанг кардаанду Аёмбекову дигар “лидерҳо” онҳоро бо мақомотҳои қудратӣ оштӣ сохтаанд, ин дурӯғи маҳз аст. Давлат пойдор аст ва ҳар он касе, ки ба қонун итоат намекунанд, тибқи қонун ҷавобгар аст. Барои ин аз Аёмбекову Муҳаммадбоқир қаҳрамон тарошидан хатои маҳз аст.

Мо аҳли  омӯзгорони кафедра умедворем, ки агар кулли ҷавонон ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳама, дастҷамъона барои аз байн бурдани зуҳуротҳои номатлуб аз қабили тероризм, экстремизм, шомил гаштан ба азҳобҳои гуногунии мазҳабӣ чи хели ки Асогузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ –Пешвои Миллат, Президенти мӯҳтарами кишвар Эмомали Раҳмон фармудаанд: “агар бо дасту дили пок”, ҳадафмандона тарғиботу ташфиқот барем, ҳеч гоҳ дар ҷомеаи мо ин гуна шахсонӣ ба ҷомеаю миллат хатарнок пайдо намешаванд ва аз табори онҳо будагиҳоҳам оҳиста-оҳиста фаҳмида аз ақидаҳои нодурусти худ даст мекашанд.