ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ: ТЭТ ҲНИ МАРКАЗИ ИФРОТГАРОЁН!

Чанд рӯзи охир баромадҳову муносибати аъзоёни ТЭТ ҲНИ-ро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида ба ҳайрат афтодем. Онҳо ҳатто саводи дуруст надоранд ва сониян даъвои курсии мансаб кардани онҳо аблаҳии маҳз аст.

Гумон меравад, ки ин афрод аз роҳи мактабу маданият нагузаштаанд ва намедонанд, ки муносибат ва фарҳанги муомилаву муколама чист?!

Ҳатто дар вақти суханронӣ онҳо таҳдид мекунанд ва фишор меоранд, ки ин гуна амал танҳо хоси террористон аст. Ва террористони наҳзатӣ аз ин шеваи корашон хушҳоланд. Дар ҳоле, ки миллат ба тӯдаи авбошон кайҳо туф кардааст.

Созмони террористӣ будани ТЭТ ҲНИ ва террорист будани аъзоёнашро мо бараъло аз рафтору гуфтори аъзоёнаш ҳис менамоем.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори нодуруст ва ғайриинсонии наҳзатиёнро маҳкум намуда, бар ин палидони наҳзатӣ лаънат мехонем!