ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯИ ДКМТ: УМРИ ДУРӮҒ КУТОҲ АСТ

Ҳодисаи шаби 19-уми май, ки дар махбаси ш. Вахдат рух дод ва боиси марги чандин нафар кормандони маҳбас ва зиндониён гардида буд, роҳбари ташкилоти террористии наҳзатӣ Кабирии хоин бо пайравони наҳзатиаш сару садохо баланд карда буда дар ин ҳодиса Хукумати Точикистонро гунаҳгор карда буданд.  Аммо тибқи матлаби дар сомонаи «Ахбор.ком» ба нашр расида, созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) масъулияти ошӯби маҳбусонро дар зиндони шаҳри Ваҳдат ба ӯҳдаи худ гирифт. Инак боз як дурӯғу туҳматҳои Кабирии хоин нисбати Ҳукумати кишвар ошкор шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки  рӯз то рӯз амалхои ғаразноку иғвогаронаи Кабирию пайравонаш, ки бар зидди давлату миллати тоҷик равона гардидааст дар назди ҷомеа ошкор шуда, ба расвогии наҳзатиҳо оварда расонид. Ин аблаҳон чунин фикр доштанд, ки  халқ аз ҳилаю найранги онҳо бохабар нест ва ба дурӯғу буҳтонҳои ин палидон бовар мекунанд. Лекин ҳаргиз чунин нест, ба ҳамагон маълум аст, ки Кабирию пайравони наҳзатиаш ифротию террорист буданд ва чунин мемонанд.

Ин тудаи риёкор  бо роҳбарии Кабирии хоин аз ин фурсат аз мотами мардум истифода буда садо баланд карданду гӯё тарафдори халқ бошанд ба тамоми созмонхои байналмилалии хуқуқи башар муроҷиат карда гуноҳро ба Ҳукумати кишвар бор кардани шуданд, аммо баъди масъулияти ошӯбро ба ӯҳда гирифтани ДИИШ акнун дар назди ин ташкилотхо ва мардум шармандаю расво шуданд, сарашон хам.

Тавре мегуянд, умри дуруғ кутоҳ аст!