ИЗҲОРОТИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ ДКМТ: ФАРҲАНГИ ЛИБОСИ МИЛЛИРО НИГОҲ ДОРЕМ

Дар арафаи соли нави 2019 ба либосҳои идонаи бонувон нигариста шод мешавем. Рангу бори нав рузгори ҷавононро боз ҳам ҷолибтар мекунад.

Ҳангоме мо ба пирони барҷомондаву бибиҳои куҳансол оиди либосҳои занона дар давраи онҳо суол намоем, дар ҷавоб мешунавем, ки занҳо либосҳое мепӯшиданд, ки на танг буду на тунук ва дар сар рӯймолҳои миллӣ бар сар мекарданд. Ин маънии онро дорад, ки пӯшидани либосҳои сиёҳ дар рӯҳияи фарҳангии халқиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой надорад ва моро лозим аст, ки ин масъаларо ба мадди назар бигирем ва ба онҳое, ки либосҳои сиёҳро ба бар мекунанд корҳои фаҳмонидадиҳиро ба роҳ гузорем.

Ҳамчунин, ба он бонувоне , ки ба фарҳанги ғарбӣ таассуб карда, шимҳои ҷинс ва тарангу тунук мепӯшанд оиди афзалиятҳои либосҳои миллӣ фаҳмонида дода, нисбати ин масъала беэътибор набошем.

Ба изҳороти ҷамъияти “Нур” нисбати ҷорӣ намудани сатру ҳиҷоб қатъиян изҳори норозигӣ мекунем.