ИЗҲОРОТИ З, ХОЛОВ ОМУЗГОРИ ДКМТ: ПУЛИ МИЛЛӢ ИФТИХОР АСТ

Барои нафаре ки дар арсаи илм заҳмат мекашад, қадри пули миллӣ баланд меистад. Чунки асъори миллӣ яке аз арзишҳои мукаддаси миллӣ аст. Ҳар кадоми мо набояд фаромуш созем, ки ба руи пули миллӣ сурат кашидан, хат навиштан аз фарханги нокомили шаҳрванд гувоҳӣ медиҳад.

Ифтихор аз пули миллӣ бешак дар ниҳоди шаҳрванд муҳаббат ба лонаи меҳри Ватанро парвариш мекунад. Эҳтироми пули миллӣ аз муомилаи дурусти инсонӣ ва фарҳанги сиёсӣ дарак медиҳад.