ЗИ ҚАСРИ ЗАРНИГОРИ ШОҲ МАЪВОИ ДЕҲА БЕҲТАР

Аз расонаҳои иттилоотӣ дарёфтам, ки “ Додгоҳи Ироқ боз панҷ зани тоҷикро бо ҷурми узвият дар гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” ба ҳабси абад маҳкум кард. Ин занон аз ноҳияҳои Фархору Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ва шаҳри Исфараи вилояти Суғд ҳастанд. Бар асоси ҳукми додгоҳ, ки рӯзи 30-юми январ содир шуд, Садорат Қурбонова, Мафтуна Маҷидова, Гулрухсор Алиева ва Гулбаҳор Сайфуллоева бо духтараш Маҳфуза Қурбонова то охири умр дар маҳбас хоҳанд монд.Дипломатҳои тоҷик мегӯянд, дар ҳоли ҳозир эълони ҳукми Мақсуда Ҷахбарова, як шаҳрванди узбекзабони Тоҷикистон, бо далели ёфт нашудани тарҷумон ба таъхир афтодааст. Ин зан аз шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд буда, ду фарзанд дорад. Додгоҳҳои Ироқ то кунун 43 зани тоҷикро ба муддатҳои тӯлонии зиндон (аз 16 сол боло) ва ҳабси абад маҳкум кардаанд. Дар ин миён чаҳор зани тоҷик ба қатл маҳкум шуда, ҳукми онҳо ҳанӯз ба иҷро надаромадааст. Соли 2014 дар ҳудуди Сурия ва Ироқ гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” хилофати худхонда эълон кард. Тибқи омори ахири мақомоти Тоҷикистон 1899 шаҳрванди кишвар ба сафи гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайвастаанд, ки дар миёнашон беш аз 400 зану кӯдак ҳам буд.”

    Хуб, ҷанги Сурия тамом шуд. Тақдири талхи оилаҳои ҷанговарон ба дӯши кист? Канӣ он диндорони наҳзатӣ, ки ба доми фиреб кашида ҷавонони тоҷикро ба ҷанги Сурия фиристода буданд? Бо ваъдаи биҳишт, зиндагӣ дар қасрҳои шоҳона, ҷиҳоди роҳи ҳақ оилаҳои ҷавонро гумроҳ намуданд. Минбаъд кудакони маъсум чи гуна тарбия меёбанд?

   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арзишҳои дини мубини ислом арҷ гузошта дари донишкадаҳои исломӣ, масҷидҳоро боз намуд. Аммо тӯдаи тундгароён ин неъмати Истиқлолиятро пешпо заданд ва ба ҷои шукргузорӣ  хизмати хоҷаҳои хориҷиро ба ҷо оварданд. Оқибати хизматҳои хориҷӣ  парешонҳолӣ дар ғурбат аст. Ана фаъолияти ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Кабирӣ мардумро чи қадар раҳгум мезанад?

 

Абдумалик Олимов,

номзади фанҳои биология,

Устоди донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон