Донишҷӯён бо китобҳои тахассусӣ шиносоӣ пайдо намуданд

Бо дастгирии Раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ба китобхонаи Донишкада китобҳои таълимӣ ба забони давлатӣ аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои ихтисоси 510101 “Геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок” китобҳои зерин: “Минерология бо асосҳои кристаллография” – 20 адад, “Хариташиносӣ” – 20адад, “Литология” – 50 адад, “Геокимиёи нафту газ” – 30 адад, “Геокимиё” – 50 адад, “Техникаи иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок” – 50 адад, “Бунёди заминшиносӣ” – 5 адад ва “Вожаномаи заминшиносӣ” – ҷилдҳои 1 ва 2 харидорӣ карда шуд. Санаи 30.01.2021 донишҷӯёни бахши 1-ум ихтисоси 510101 “Геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок” гурӯҳҳои А ва Б дар китобхонаи Донишкада бо китобҳои тоза- харидоришуда, бо китобҳои тахассусии соҳаи геология ва китобҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии омӯзгори кафедраи геология ва корҳои нафту газ Восиҳов Ш.Т. шинос шуданд.

кафедраи геология ва корҳои нафту газ