Донишҷӯён аз имкониятҳои китобхонаи донишкада огоҳ гардиданд

Имрӯз, дар китобхонаи илмӣ-электронии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон барои донишҷӯёни бахши ғоибонаи факултети металлургия  чорабинии муаррифии адабиёти тахассусӣ ва ҳамчунин шиносоии онҳо бо китобхона сурат гирифт, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот директори китобхона Танжихолова Шаҳнозабону хабар доданд.

Танжихолова Ш. ҳини аъзо намудани донишҷӯён ба китобхона

Роҳбари гурӯҳи донишҷӯён мудири кафедраи экология Ҳоҷибоев Далер донишҷӯёнро бо адабиётҳо ошно намуда, дар бораи зарурати китобҳои китобхона барои тадрис ба донишҷӯён суханронӣ намуд. Донишҷӯёни мазкур дар ин рӯз аз ҳамаи имкониятҳои китобхона ва кор бо адабиётҳо огоҳ гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки китобхонаи илмӣ-электронии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон яке аз бузургтарин маъхази китобҳои соҳавӣ дар самтҳои геологияву мошинсозӣ ва металлургия дар миқёси ҷумҳурӣ мебошад.

М. Сайидзода