Донишҷӯи донишкада ғолиби чемпионати Осиё оид ба Ҷиу Ҷитсу

Суҳи имрӯз, қабл аз ҷаласаи назоратӣ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба ғолиби чемпионати Ҷиу Ҷитсу дар шаҳри Бухоро Ашӯрзода Баҳоваддин, ки дар ин мусобиқаи варзишӣ миёни қаҳрамонони  Осиё ҷойи сеюмро гирифтааст, тақдим намуд. Зимни тақдими дипломи мазкур ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ минбаъд маҳфилҳои алоҳида оид ба варзиш ва намудҳои гуногуни он  ташкил намуда, донишҷӯёнро дар ин самт тарбия намоед.

Ашӯрзода Баҳоваддин донишҷӯи курси дуюми факултети металлургия буда,  яке аз ҷавонони фаъол ва заҳматкаш мебошад ва мо умед дорем, ки дар оянда низ ин ҷавони муваффақ барои сазовор гардидани мақомҳои баланд дар риштаи варзиш талош менамояд.