Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръат, ҳамгироии илм ва истеҳсолотро тақвият мебахшад

Бо мақсади густариш бахшидани ҳамкории донишкада бо корхонаҳои саноатии соҳавии зерсохтори Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, зичтар намудани алоқаи раванди илму таълим бо истеҳсолот, ташкили таҷрибаомӯзиҳои таълимиву истеҳсолӣ, омӯзиши техника ва технологияҳои пешқадами корхонаҳои саноатӣ, тайёр намудани мутахассисони салоҳиятноки ба талаботҳои кордиҳанда ҷавобгӯ дар назди корхонаҳои соҳавӣ 8 филиали кафедраҳо таъсис дода шуд, ки ба кори онҳо донишҷӯёни бахшҳои 2-4, магистрон ва докторантон, унвонҷӯён ва устодони донишкада ва кормандон-мутахассисони коргоҳҳо иштирок менамоянд, аз ҷумла:

б.т.

Номи корхона

Филиали кафедра

Самти ҳамкорӣ

Номгӯи ихтисосҳо ва равияҳо

1.            

ҶСК “Ангишт

Сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ

Корҳои илмӣ-таҷрибавӣ

·     Корҳои маршейдерӣ

·     Сохтмони шахтавӣ ва зеризаминӣ

2.            

КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон”

Таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ

Корҳои таълимӣ-таҷрибавӣ

·     Мошинҳо ва таҷҳизоти техникаи кӯҳӣ

·     Технологияи мошинсозӣ

3.            

ҶМТКММ “Апрелевка”

Коркарди конҳои канданиҳои фоиданок

Корҳои илмӣ-амалӣ ва таълимӣ-таҷрибавӣ

·     Тозакардани канданиҳои фоиданок

·     Корҳои кушоди кӯҳӣ

·     Корҳои зеризаминии кӯҳӣ

4.            

КВД “Экспедитсияи комплексии иктишофии геологии Қайроққум”

Геология ва корҳои нафту газ

Корҳои илмӣ-амалӣ ва таълимӣ-таҷрибавӣ

·     Геология

 

5.            

ҶСК “Суғднафтугаз”

Геология ва корҳои нафту газ

Корҳои илмӣ-амалӣ ва таълимӣ-таҷрибавӣ

·     Коркарди конҳои нафту газ

·     Пармакунии ҷоҳҳо

6.            

ҶСП “Норд-Азия-металл”

Металлургия

Корҳои таълимӣ-таҷрибавӣ

Металлургияи металлҳои ранга

7.            

ҶСП “Норд-Азия-металл”

Иқтисодиёт ва идоракунӣ

Корҳои таълимӣ-таҷрибавӣ

·     Иқтисодиёт ва идоракунии соҳа

8.            

АББАТ-филиали ассосиатсияи боркашонҳои байналмилалии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Ташкили ҳамлу нақл

Корҳои таълимӣ-таҷрибавӣ

·     Ташкили ҳамл ва нақли борҳо тавассути автомашинаҳои боркаш

Мавриди зикр аст, ки сохтори илм ва инноватсияи донишкада дар назди Комбинати металлҳои нодири Ленинобод, ки дар шаҳри Ҷоруқдаррон коргоҳи хурди истеҳсолӣ, барои истеҳсоли мазайкаҳо аз ҷинсҳои кӯҳӣ таъсис дод, ки беш аз 22 намунаи истеҳсолии маҳсулот омодаи истеҳсоли сиклӣ мебошад:

Раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, ҷиҳати густариши равобити ҳамаҷониба  бо дигар муассисаҳои дохилу хориҷи кишвар гуфтушунид намуда истодааст.