Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон барои пешбурди корҳои илмӣ ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав дархост фиристод

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид месозанд, ки илм бояд бо истеҳсолот алоқаманд бошад, то соҳаи саноат рушд намояд ва ҳамин аст, ки имрӯз ректори   Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ тасмим гирифтаанд, то дар самти пажӯҳишҳои илмӣ бо корхонаҳои саноатӣ ҳамкориҳои зич сурат бигирад, мегӯяд муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ Насриддинов З.З.

Ректори   Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ борҳо таъкид намудаанд, ки барои пешрафти соҳа ва ҳамзамон ноил шудан ба дастовардҳо ҳайати профессорию омӯзгории донишкадаро лозим меояд, ки аз муааммоҳову мушкилоти ҷойдоштаи корхонаҳои саноатӣ огоҳ гарданд ва барои ҳалли онҳо таҷрибаи илмии хешро истифода баранд.  

Бояд тазакур дод, ки солҳои 2015-2020  Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мувофиқи самтҳои афзалиятноки илм, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барнома қабул гардидааст, корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ анҷом дод, ки тибқи натиҷаҳои он – монографияҳои гурӯҳӣ, патент, таҷҳизот ва амсилаҳо интишор ва сохта шуданд.

Дар ин замина, донишкада барои қабули нақшаи корҳои илмӣ-татқиқотӣ барои 5-соли минбаъда, яъне 2021-2025 омодагӣ дида, ҷиҳати ҳамгироии илм ва истеҳсолот тадбирҳо андешида истодааст.

Роҳбарияти муассиса ҷиҳати иҷрои фармоишҳои илмӣ-истеҳсолӣ аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ новобаста аз шакли моликияташон мувофиқи равияҳои геология, коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ, технология ва таҷҳизоти заргарӣ, коркарди конҳои канданиҳои фоиданок (корҳои кушоди кӯҳӣ, корҳои зеризаминӣ, тозакунии конҳои канданиҳои фоиданок, корҳои пармакунӣ ва корҳои маркшейдерӣ), сохтмони зеризаминӣ ва шахтаҳо, ҳифзи муҳандисии муҳити зист, металлургияи металҳои ранга, ҳамлу нақл тавассути автомашинаҳои боркаш, технологияи мошинсозӣ, таҷҳизот ва мошинҳои саноати кӯҳӣ, таъмини корхонаҳои саноатӣ бо барқ, технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ, мавод ва маҳсулот, иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот, менеҷменти экологӣ ва аудит дар саноат, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости расмӣ ирсол намуда, дар ин замина, иҷроиши фармоишҳои илмии корхонаҳои саноатии кишварро, кафолат додааст.

Ҳамчунин, мувоини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ н.и.г-м, дотсент Насриддинов З.З.,  илова намуд, ки минбаъд корҳои илмӣ барои панҷ соли оянда, яъне барои солҳои 2021-2025 бо назардошти эҳтиёҷот ва фармоишҳои воқеии корхонаҳои саноатӣ ба роҳ монда мешаванд. Ӯ афзуд, ки раёсати илм, кафедра ва марказҳои илмии донишкада ҷиҳати қабули фармоишҳои илмиву истеҳсолии корхонаҳои саноатии кишвар омода буда, ҳамарӯза, гуфтушунидҳоро бо онҳо идома дода истодаанд.

Ҳоло ҳамаи корхонаҳои истеҳсолии ҷумҳурӣ метавонанд барои ёфтани муаммоҳои соҳавӣ ба ҳайати профессорию омӯзгории донишкада муроҷиат намоянд ва дар ин самт ҳамкориҳои судмандро роҳандозӣ кунанд.

М.Сайидзода