ДЕМОКРАТИЯХОҲИИ КАБИРӢ ЧӢ “ҲИКМАТ” ДОРАД?

Ахиран аз тариқи телевизионҳои кишвар филми мустанаде бо номи “Хиёнат” иборат аз се қисм ба намоиш гузошта шуд. Ин филмро, ки бар пояи далелҳои воқеӣ ва нақли шоҳидони ҳол таҳия шудааст, шахсан тамошо намудам. Ин филм андешаи маро роҷеъ ба он, ки барои роҳбарони ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ ҳеҷ гоҳ ягон арзише вуҷуд надошт ва нахоҳад дошт, тақвият бахшид. Ин гурӯҳи арзишгумкарда худро ба дилхоҳ шароит мутобиқ сохта, барои расидан ба мақсадҳои ниҳоии хоҷагони хориҷиашон, ки дир филми “Хиёнат” аз онҳо зиёд ёд мешавад, ҳар кори аз дасташон меомадаро анҷом медиҳанд. Масалан, агар Кабириву пайравонаш дар Тоҷикистон бештар фаъолияти динмеҳвар доштанд, ҳоло дар сиёсати онҳо ҷои арзишҳои диниро арзишҳои демократӣ иваз кардаанд.  Зеро дар ин рӯзҳо шоҳиди онем, ки саркардагону намояндагони ТЭТ ҲНИ бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва бо баҳонаҳои наве аз худ хабар медиҳанд. Агар дар гузаштаи начандон дур онҳо аз “ҳифзи ислом”-у “арзишҳои динӣ”  сухан мегуфтанд, имрӯз ҳама якбора “озодихоҳ” шуда, аз арзишҳои барояшон комилан нав дифоъ мекунанд. Аксари коршиносон ҳам дар гузашта изҳори андеша намуда буданд, ки Кабириву ҷонибдоронаш дар Ғарб худро ҳамон гуна вонамуд мекунанд, ки гӯё дигар идеяи “хилофат” дархӯри кори онҳо нест ва аз ин лиҳоз бо дарназардошти манофеи худ дар Аврупо онҳо худро “демократитар” кардаанд. Дар ҳоле ки чунин демократияхоҳии наҳзатиён мухолифи нақшаву барномаҳои қаблии ин ташкилоти террористист.

Ба аксари вазъдонон ва коршиносон маълум аст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон бо мақсади тарғиби ғояҳои инқилоби исломӣ дар заминаи паҳнсозии шиагароӣ ҳаракати “Ҳизбуллоҳ”-ро ташкил дода, шуъбаҳои онро дар бархе кишварҳои муслмоннишин фаъол гардонид. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва мустақилияти сиёсӣ касб кардани Тоҷикистон функсияву вазифаҳои ТЭТ ҲНИ, ки як навъ муборизаи идеологӣ бо мафкураи вақти Иттиҳоди Шӯравиро ташкил медод, хотима ёфтанд. Ин буд, ки тибқи иттилоъ, тирамоҳи соли 1991 роҳбарони ТЭТ ҲНИ ба Эрон сафар карда, ҳудуди ду моҳ ба курсҳои омӯзишии Ҳукумати ҶИЭ фаро гирифта шуданд. Дар ниҳоят, наҳзатиён бо байъати худ бевосита мазҳаби шиаи дувоздаҳимомаро қабул карда, ташкилоти худро ҷузъи Хадамоти махсуси ҶИЭ ва барномаҳои онро ба барномаҳои ташкилоти “Ҳизбуллоҳ” ҳамоҳанг намуданд. Натиҷаи ин курси омӯзишӣ ва қабули мазҳаби шиа буд, ки аллакай дар нооромиҳои сиёсии Тоҷикистон шиорҳои шиагароёнае чун “Роҳи мо роҳи Алист…”, “Аллоҳу акбар, Хумайнӣ раҳбар” садо доданд.

Бо шиорҳои болозикр роҳбарону ҷонибдорони наҳзат рӯирост мавқеъгирӣ намуданд, ки роҳбари мо Хумайнист ва мо инқилоби исломии типи эрониро дастгирӣ мекунем…

Наҳзатиён буданд, ки вақте пояшон ба водии Рашт расид, “Ҷумҳурии Исломии Ғарм”-ро ташкил доданд. Дар ин минтақа бо зӯрӣ “низоми шариатӣ” ҷорӣ намуда, занону кӯдаконро аз ҳамаи ҳуқуқҳояшон маҳрум сохтанд…

Дар чанд соли пеш ҳар касе вақте ба саҳифаҳои ҳафтаномаи “Наҷот”-и ТЭТ ҲНИ назар меафканд, дар он танҳо таблиғи мазҳаби шиаи дувоздаҳимома, ғояи инқилоби исломӣ, таърифу тавсиф ва намунатарошӣ аз Хумайниву пешвоёни мазҳабии шиа бо гузоштани аксҳояшон ва умуман таблиғи низоми давлатдории исломии Эрон, интиқоди низоми дунявии давлатдорӣ ва танқидҳои пайваста аз дилхоҳ самти фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро пайдо мекарду халос. Барои исботи ин гуфтаҳо чанд иқтибосеро аз ҳафтаномаи “Наҷот”-и ТЭТ ҲНИ дар ихтиёри хонанда мегузорем.

Дар мақолаи “Эътирофи демократия дар интихоботи Эрон” (муаллиф Ҳикматуллои Сайфулло, “Наҷот”, 20 июни соли 2013) муаллиф рӯирост низоми давлатдории дунявиро ба танқид кашида, аз низоми исломии Эрон ва “интихоботи исломӣ”-и он тавсиф мекунад. Чунончи дар мақола омадааст: “Дар аксари кулли низомҳои мардумсолор, ширкати 50,01%-и интихобкунандаҳоро нишонаи қобили қабул барои таъмини низоми демократӣ ва давлатдорӣ медонанд, дар ҳоле ки мардуми инқилобии Ирон аз ширкати наздик ба 80%-и хеш дарак дод. Ин муболиға ва кадом сохтакорие, мисли низомҳои давлатдории дигар, аз ҷумла Тоҷикистон нест… Дар интихоботи Ирони исломӣ мардумсолории аслиро шоҳид гаштем… ва ин гуна интихобот метавонад таҷрибае бошад барои кишварҳои Осиёи Марказӣ”.

Ё худ дар мақолаи “Ҷудоии дин аз сиёсат” (“Наҷот”, 29 августи соли 2013) муаллиф ҷудоии дин аз сиёсат ва дар маҷмӯъ дунявиятро анъанаи ғарбӣ ва бегона аз ислом ҳисобида, мавриди танқид қарор медиҳад.

Мақолаи “Бузургтарин мояи ваҳдат” (“Наҷот”, 31 январи 2013) ҳам дар тарғиби идеяҳои Хомайнӣ ва шиагароӣ, васфи теократияи инқилоби исломии Эрон навишта шудааст. Чунончи: “Имрӯз пулҳои дастгоҳи истикбор дар дунё ва бештар аз ҳама дар дунёи Ислом барои эҷоди тафриқа байни муслимин харҷ мешавад, то агар битвонанд, ки нахоҳанд тавонист, байни Ирони исломӣ ва мусулмонони олам ихтилоф эҷод кунанд ва фосила биандозанд. Ҷанги душмансохтаи шиа ва суннӣ, ба баракати инқилоби исломӣ, биҳамдиллоҳ, рӯ ба хомӯшӣ рафт ва бародарони шиаву суннӣ дар майдонҳои мухталиф дар канори ҳам қарор гирифтанд”.

Дар мақолаи “Ҷаҳони ислом: бархӯрди манфиатҳо ё ҷанг барои қудрат” (“Наҷот”, 7 феврали соли 2013) муаллиф Абдуқодири Давлат рӯирост мардумро ба инқилоби исломӣ даъват мекунад…  

Иқтибосҳои болозикр танҳо аз чанд шумораи ҳафтаномаи “Наҷот”, ки соли 2013 нашр гардидааст, гирифта шудааст. Монанди ин, даҳҳо матолиберо пайдо кардан мумкин аст, ки дар он интиқод аз низоми дунявият, танқиди интихоботҳои низоми дунявии давлатдорӣ, тарғиби инқилоби исломӣ, ташвиқу тарғиби фарҳанги бегона сурат гирифтааст.

Ҳоло ҳамаи инро Кабирӣ “фаромӯш” карда, гӯё якбора мавқеаш ҳам дигар шудааст. Ӯ ахиран дар яке аз мусоҳибаҳои худ иброз намуд, ки ҳадафи онҳо бунёди ҷомеаи “воқеан демократӣ ва дунявӣ” аст. Мантиқ куҷост? Яъне як ҳизби динӣ, ки то дирӯз аз ташкили инқилоби исломиву давлати исломӣ сухан мегуфту давлати дунявиро “низоми куфр” мехонд, имрӯз якбора “пуштибон”-и демократия шудааст. Бояд рӯирост иқрор бошем, ки дар ҷомеаи динмеҳвар демократия ба маънои томаш вуҷуд дошта наметавонад. Зеро як рукни муҳими давлати демократиро дунявияти он ташкил медиҳад ва давлати динӣ аслан наметавонад демократӣ ва ҳуқуқбунёд бошад. Чун дар ҷое, ки иродаи илоҳӣ ҳоким аст, дар он ҷо ба демократия ҷо нест! Фикр намекунам, ки Кабирӣ инро надонад. Зеро дар яке аз мақолаҳои ҳафтаномаи “Наҷот” айни ҳамин нукта баён шудааст. Дар мақолаи “Воқеияти мусулмонон ва қонунҳои Қуръон” (“Наҷот”, 28 феврали 2013) муаллиф бо далели он ки “Қуръон ояҳои зиёде дорад, ки моро даъват ба боло гузоштани ҳукми Худо дар қиболи ҳукмҳои дигар мекунад, ки ин айни сиёсат аст”, таваҷҷуҳи мардумро ба давлати исломӣ мекашад. Муаллиф дар идомаи ҳамин мақола мегӯяд: “Ҳокими ҷомеъа қарор додани ҳарфҳои Худованд айни сиёсати ислом аст”.

Дар мақолаи “Нобасомони мусулмонон кист?” (“Наҷот”, 7 марти 2013 муаллиф М. Қодирӣ) идеяи “хилофат” тарғиб ёфтааст ва муаллиф изҳори таассуф аз он мекунад, ки имрӯз давлатҳои миллӣ ҷои хилофатро гирифтаанд ва боиси рукуди ҷаҳони ислом гардидаанд: “Баъд аз табдили хилофат ба мулкият рукуд дар ҷаҳони ислом оғоз шуд. Зеро вақте хилофат ба мулкият ё ҳамон подшоҳӣ табдил шуд, манфиатҳо ҷои арзишҳоро гирифтанд”.

Пас, имрӯз Кабириву пайравонаш аз кадом демократия ҳарф мезананд? Демократияхоҳиву озодихоҳии ӯ як найранги сиёсест, то дар Аврупо дар нисбати ӯву пайравонаш муносибати муътадил сурат бигирад. Дар асл наҳзат ҳамон наҳзати инқилобхоҳ аст, наҳзати ҷонибдори ташкили инқилоби исломӣ. Хоҷагони Кабирӣ ҳам ба ин содагӣ аз баҳри мақсадҳои худ намегузаранд. Зеро “наҳзат”-ро то имрӯз дар бағали худ бузург карданд, аз ҳар лиҳозе дастгириаш карданд… ва имрӯз дар Аврупо номи наваш гузоштанду барояш ҷомаи нав пӯшониданд. Ҷомае, ки барои расидан ба ормони хоҷагон наҳзатро аз гармиву сардии сиёсатҳову муносибатҳо ҳифз кунад.

Афшини Муқим