ДАСТКАШӢ АЗ ИСТЕЪМОЛИ “САБРАЛГИН”

Ин даворо ман барои Кабирӣ ихтироъ карда будам. Мариз бо ин даво шифо ёфт ва ба худам ҳуҷум овард. Худо ба балои бад гирифтор кунад падархонди Муҳиддин – Эрдуғонро. Чун ӯ кафши писари ношудашро пеш гузошт ва оқ кард, Кабирӣ ба Аврупо омад. Чун визои Шветсарияро дошт, гумон доштам, он ҷо маскан мегузинад.

Аммо ин оққи абавайн ҳанӯз замони дар Туркия будан ба он расидааст, ки маро низ аз саҳнаи сиёсат ба осон берун меандозад ва ин як кори саҳл аст. Бехабар аз он ки ман саҳли мумтанеъам! 
Ҳуҷуми бесобиқаи пропагандистони дупула, фейкҳои ваҳшӣ сар шуд. Ин ҳоло ибтидо буд. Интиҳо пароканда кардани Анҷумани нируҳои созандаи Тоҷикистон, барҳам задани итттиҳоду иттифоқ байни мухолифин, шикастан, саҳеҳтараш, пора-пора кардан ва сипас ба ҳам овардани онҳо буд. Ин амалиёт бояд бо ба дор овехтани Додоҷон Атовуллоев ба поён мерасид.

Афсӯс мехурам, ки он иттиҳоде, ки мо то омадани Кабирӣ доштем, дигар нест. Маҳз ӯ фитна андохт ва ҷамъи моро парешон кард.