ДАСТИ МАДАД БА ПАХТАКОРОНИ ВИЛОЯТ

Як гуруҳ муаллимон ва кормандони Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки дар рӯзҳои истироҳат ба пахтазор рафта андар ҷамъоварии ҳосил ба пахтакорон кумак намоянд.

Лозим ба ёдоварист, ки  аз ҷониби пахтакорони вилоят то имрӯз ба хирмани Ватан 49254 тонна дурри гаронбаҳо рехта шудааст, ки 37,9 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Раҷаббой Аҳмадзода  раиси вилояти Суғд бо ёдоварӣ аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои ҳукумати мамлакат иброз дошт, ки пахта ҳамчун ашёи пурқиммати саноатӣ дар рушди иқтисодиёт нақши муассир мегузорад. Аз ин хотир, соли равон майдони пахта дар вилояти Суғд наздик 7 ҳазор гектар зиёд гардида, дар назар аст, ки имсол 130 000 тонна пахта истеҳсол карда шавад.

Раиси вилоят аз он изҳори  қаноатмандӣ намуд, ки имрӯзҳо сокинони касбу кори гуногуни шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Шаҳристон, Деваштич, Истаравшан, Истиқлол ва Исфара дар паҳлӯи марди деҳқон истода, барои ҷамъоварии пахта кӯмак намуда истодаанд. Ҳашарчиён дар рӯзҳои истироҳат ба пахтачинӣ баромада, барои ҳарчи бештар ғанӣ гардидани хирмани Ватан ҳиссаи арзанда мегузоранд.

Бо дастури Раҷаббой Аҳмадзода шуруъ аз 1-уми октябр ба ҳар килограмм пахтаи чидашуда 80 дирамӣ маблағ пардохт карда мешавад. Инчунин, бо мақсади беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил дар вилояти Суғд “60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор” эълон карда шуд.

 А. Раҷабов, Шурои чавонони донишкада