ДАСТГИРИИ АҲЛИ ЗИЁ

Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати маорифпарваронаи худ ба соҳаи маориф ҳамчун соҳаи калидии ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Аз ин ҷост, ки шароити кору фаъолият ва зисту зиндагонии омӯзгорони ҷавон ҳамеша дар маркази диққати Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қарор гирифтааст.

Аз ҷумла, имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, дастгирии бевоситаи Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ва раёсати донишкада 2 иншооти ҷашнӣ: хобгоҳи дорои шароитҳои мусоид барои омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯйдухтарон инчунин, майдончаи варзишии  бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонидашуда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Мавриди зикр аст, ки хобгоҳи мазкур зиёда аз 20 сол инҷониб фарсудаву корношоям гардида буд. Баъди таҷдиду таъмир ва азнавсозӣ бошад, ба як хобгоҳи замонавӣ табдил дода шуда, имрӯз мавриди истифода қарор гирифт. 

Ҷомеаи меҳнатии донишкада, ҳайати профессорону омӯзгорон хусусан, омӯзгорони ҷавон аз ин рӯйдоди фараҳбахш руҳу илҳоми тоза гирифта ба Раиси вилоятамон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода миннатдории бепоён баён менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки имрӯз дар донишкада барои кору фаъолият ва фароғати омӯзгорони ҷавон тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.                   

         Ман ба ҳайси мутахассис-омӯзгори ҷавони донишкада аз номи омӯзгорони ҷавон Шуморо бовар мекунонам, ки мо омӯзгорон-олимони ҷавони донишкада ҷавобан ба ғамхориҳои давлатамон тамоми саъю кушиш ва нерӯи илмии худро баҳри ободии кишвари азизамон равона месозем. Дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар алалхусус, омода намудани мутахасисисони соҳаи саноати куҳӣ-металлургӣ саҳми арзандаи худро хоҳем гузошт.

                                                                Алишери Ғоиб, омузгори ДКМТ