ДАРТОҶИКИСТОН ДИН АЗ ДАВЛАТ ҶУДОСТ!

Бошад садои хуштарин бар гӯши дил сози Ватан,
Субҳонаи худ мекунам ашки саҳарнози Ватан.
Гоҳе ба савдо мебрад ганҷи Ватанро зумрае,
Бон архи ҷонам мехарам ҳар санги пардози ватан
.

 

Мо мардуми тоҷик дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид гашта, барои расидан ба қуллаҳои баланди сулҳу субот ва амнияту шукуфоии Ватани азизамон  – Тоҷикистон  пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳем.

Ҳукумати мамлакат  ҳанўз аз оғози Истиқлолияти давлатӣ динро аз давлат ҷудо гузошта, барои сокинони кишвар тамоми шароитҳои мусоидро фароҳам овардааст.

Вале дар ҷомеа нафароне низ ҳастанд, ки пешравию шукуфоии кишвари азизамонро дидан нахоста, таҳдидҳоро ба миён оварда, бехатарию субот ва осудагии кишварро халалдор мекунанд.

“Ислом мактаби муттаҳидкунанда, омили дӯстии қавму фирқа ва миллатҳои гуногун мебошад”- гуфтааст Абдуллоҳи Муҳаққиқ.

Мутаассифона, имрўз ҳам қувваҳое ҳастанд, ки бо ҳар роҳ мехоҳанд, фазои сулҳу суботи кишвари  моро халалдор созанд. Яке аз ин гуна қувваҳо ҳизби мамнуъшудаи назҳати ислом мебошад, ки динро бо сиёсат омезиш дода, ба афкори мардум бо роҳи зурӣ мехоҳад ақидаҳои ифротиро бор намояд.

Агар шахс дар ҳадди зарурӣ дониши илмиву дунявӣ ва ё фаҳмиши мукаммали динӣ дошта бошад, ҳеҷ гоҳ мутеи фикру ақидаҳои дигарон нахоҳад шуд.

Албатта, ба ҳамагон маълум аст, ки мақсади ҳар як ҳизби сиёсӣ ин дар доираи қонунҳои амалкунандаи он кишвар ба даст овардани ҳокимият мебошшад. Собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ба амал баровардани мақсаду ҳадафҳои худ нақшаи мукаммал ва манфиатовар барои ҷомеа пайдо накард ва рӯз ба рӯз обрӯ ва эътибори худро дар ҷомеа аз даст медод. Маҳз баъди ноком шудан дар муборизаҳои сиёсӣ ва ба боди фано рафтани маблағҳои зиёди пуштибонони хориҷии ҳизб, сарварони он дастур гирифтанд, ки имконияти охиринашонро истифода баранд, яъне бо роҳи низомӣ ҳокимиятро ғасб намоянд.

Одамоне ҳастанд, ки пайрави корҳои нек буда, умри кӯтоҳи худро барои сарҷамъӣ ва саодатмандии мардум сипарӣ месозанд. Ҳамчунин одамоне низ вуҷуд доранд, ки дар ҳамин умри андаки худ кӯшиш мекунанд, то пайваста аз паи озори мардум ва фитнаангезӣ бошанд, то ба музди андаке, ки аз корҳои палидашон аз хоҷагони худ мегиранд, рӯзи худро гузаронанд.

Чун аксари мардуми Тоҷикистон, ки мусулмонанд, ин қувваи бадӣ кӯшиш мекунад, то аз роҳи ҳиссиёти динӣ таъсири худро ба мардум расонад. Яъне аввал номи динро барои худ сипар намуда, сипас дар пушти он амалҳои палиди худро анҷом диҳанд.

        Ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки ин гуна шахсон бесаводанд ва гаправӣ хоинони давлатанд, мисле, ки “Манкурт” бошанд. Ин манкуртҳои лаъин бо баҳонаи дини ислом ҷомеаи ободу пешрафтаи Тоҷикистонро хароб карда наметавонанд. Ҳукумати Тоҷикистон озодӣ дод ба ҳар як шаҳрванди худ, аммо баъзе аз мулло ва нимчадомуллоҳҳо гуруҳ –гуруҳ дар масҷидҳо ҷамъ омаданд ва ҷавононро гумроҳ сохтанд. Бисёре аз ҷавонон ва ҳатто занҳо ба давлатҳои Сурияву Ироқ рафта, дар миллати бегона бо номи ислом ҷангиданд, чунки онҳо фирефтаи хоинон гаштанд.

Мақолаи дасисабозонаву ифротгароёнаи Саидюнуси Истаравшанӣ ҳам аз ҳамин қабил матлабҳоест, ки ба хотири гумроҳ сохтани мардум бо дурӯғҳои бофта нашр гардидааст.

        Аз ин лиҳоз, Тоҷикистонро мебоист, пеши роҳи чунин шахсонро дорад, то ки ҷомеа бе хаф ва озодона зиндаги кунанд. Аммо, шахсоне, ки барои гумроҳ кардани ҷавонон ва дигарон, дигар роҳ наёфтанд бо ин восита мехоҳанд, ки дар байни мардум васфаса андозанд. Имрӯз Тоҷикистон як давлати абрқудрат аст, ки амнияти сокинонашро таъмин менамояд.

Акбар Муҳаммадиев

омӯзгори ДКМТ