Дарси кушоди Ҷалолов Амирҷон-омӯзгори собиқадори соҳа

Санаи 14.10.2021с. дар кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ аз тарафи н.и.т., дотсент Ҷалолов Амирҷон Фахриддинович дарси кушод аз фанни графикаи муҳандисӣ ва компютерӣ баргузор гардид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот Боев М.Б. муаллими калони кафедраи сохтмон ва корҳои маршейдерӣ хабар дод.

 Дар дарси кушод декани факултет н.и.т., дотсент Самадова Г.М., мутахассисоси пешбари раёсати таълим Эшов З.С. ва Шехова М.М. ва дигар устодони донишкада ширкат варзиданд.

Омӯзгор Ҷалолов Амирҷон дар рафти дарс ба риояи дастури одоби салом, пурсиши дарси гузашта аз усулҳои гуногуни интерактивии таълим аз қабили муҳокимаи умумӣ, пурсиши фаврӣ, кори инфириродӣ дарсро бо як маҳорати баланди педагогӣ гузарониданд. Аз ибтидо то интиҳои дарс, ки хеле диққатҷалбкунанда буд, иштироки донишҷӯён ба дарс ва маҳорату малакаи омӯзгор Ҷалолов А.Ф. эҳсос карда мешуд.

Дарс бо презентатсия дар синфхонаи махсуси компютерӣ, ки барои фанни графикаи муҳандисӣ ва компютерӣ равона карда шудааст гузаронида шуд. Ҳамчунин, бо барномаи графикии КОМПАС – 3D иҷроиши супоришҳои инфиродӣ аз ҷониби донишҷӯён бо роҳбарии омӯзгор иҷро гардид.  Ҳамаи паҳлӯҳои мавзӯъ пурра таҳлил карда шуд. Устод Ҷалолов А.Ф. бо риояи меъёрҳои забони адабӣ ва лаҳни бурро ба донишҷӯён муроҷиат менамуданд ва мавзӯи дарсро мефаҳмониданд.

Дарсро Самадова Г.М. декани факултети корҳои кӯҳӣ ҷамъбаст намуда, ба донишҷӯён барои иштироки фаъолонаашон ва ба дотсент Ҷалолов А.Ф., ки зиёда аз 50 сол дар омода намудани мутахассисони соҳаи муҳандисӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд, инчунин барои дар сатҳи баланд гузаронидани дарси кушод изҳори миннатдорӣ намуданд.