“Вазъияти геополитикии замони муосир ва таъсири он ба Тоҷикистон” чунин унвон дошт мизи муддавари имрӯза дар донишкада

Имрӯз, дар кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ мизи мудаввар таҳти унвони “Вазъияти геополитикии замони муосир ва таъсири он ба Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он профессор Давлатов Мулошо.,  муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов А., сардори раёсати таълим Осими Оқил, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Муҳаммадиев Акбар., мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ  Абдуллоев Икром ва дигар омӯзгорони кафедра ширкат варзиданд.

Чорабиниро нахуст, мудири кафедра Абдуллоев Икром ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба авзои сиёсии ҷаҳон ва воқеаҳои сиёсии наздик ба марзи  СААД  сухан ронда, сипас суханро ба профессори кафедра Мулошо Давлатов дод. Давлатов М. роҷеъ ба вазъияти геополитикии замони муосир ва таъсири он ба Тоҷикистон сухан ронда, аз оқибатҳои даҳшатбори ҷангҳои иқтисодӣ ва дигар ҳолатҳои ногувор дар гӯшаву канори олам сухан ронда, омӯзиши масъалаи мазкурро барои олимон муҳим арзёбӣ намуданд. Сипас,  муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ  Умарҷонов Абдусафо .,  Осими Оқил., Изаттулоев Рафтор., Атоева Кибриёхон, Муҳаммадиев Акбар ва дигарон изҳори андеша намуданд.

Ёдовар мешавем, гузарони чунин мизҳои мудаввар барои шаклгирии тафаккури ҷомеа мусоидат менамояд.

Шуъбаи иттилоот