ГУМРОҲӢ АЗ ШАРҲИ НОДУРУСТ

Дар сомонаи Ховар мусоҳибаи Сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода мегуяд: “МАФКУРАИ ДИНӢ МАФКУРАИ УМУМИҲАТМӢ НЕСТ” мавриди мутолиа қарор додам. У меафзояд, ки  «ислом на танҳо идеологияи муайян бо таълимоти диниву ахлоқӣ аст, балки фарҳанги махсуси тамаддуни тавҳидӣ низ мебошад. Меъёрҳои вай ба ҳалли масъалаҳои диниву шахсӣ ва ҳамзамон ба танзими амали ҳамарӯзаи мусулмонон дар ташаккули образи он ба ҳаёти ҳаррӯза равона карда шудаанд. Аз ин рӯ нодуруст тавзеҳ додани рисолаи аслии ислом моро ба гумроҳӣ мебарад. Имрӯз вақте  мо сари ин мавзӯъ  бо мардум  суҳбату мулоқот мекунем, қаноатмандии мардум, хусусан  ходимони динро аз ин қонун эҳсос мекунем.

Махсусан имрӯз, ки Тоҷикистон давлати  соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунёвӣ  ва ягона мебошад, дар   боби якум, моддаи 8-уми Конститутсияи Тоҷикистон оид ба фаъолияти озоди  иттиҳодияҳои динӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо ишора рафтааст. Амалан вақте назар мекунем, дар ҳақиқат дар қаламрави мамлакат, аз ҷумла, вилояти Суғд даҳҳо масҷидҳои ҷомеи марказӣ ва садҳо масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта тибқи оиннома ва низомномаи худ фаъолият карда, ба мардум барои  баровардани эҳтиёҷи динӣ хидмат мекунанд.

Мӯсозода дар мавриди муносибати дин ва давлат изҳор намуд, ки “масъалаи муносибати давлат ба дин дар ин қонун возеҳу равшан баён шудааст. Тибқи Конститутсия, дин дар ҳимояи давлат аст, доир ба ин масъала дар боби 2 ва моддаи 5 чунин омадааст:

Давлат барои таъмини озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии  шаҳрвандони диндор ва иттиҳодияҳои динӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

Мутобиқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ як мафкураи динӣ ҳамчун мафкураи давлатӣ ва умумиҳатмӣ эътироф намешавад. Иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо мебошанд ва давлат ба зиммаи иттиҳодияҳои динӣ  иҷрои вазифаҳои мақомоти давлатиро намегузорад».

Аксарияти аҳолии Тоҷикистон ҳанафимазҳаб мебошанд, барои ҳамин ҳам дар сархати қонуни мазкур омадааст: «Бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо, бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон Қонуни мазкур қабул карда мешавад».

 

Давоми даҳ соли сипаришуда бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ ва дохили мамлакат ташаббусҳо ва чорабиниҳои зиёд дар ин соҳа ба анҷом расонида шуданд.

Аз ҷумла, баргузории конфронсу симпозиумҳо ва чорабиниҳои калони сиёсӣ бо иштироки афроди фарҳехтаи рӯи олам дар пешрафти маърифати сиёсӣ ва динии мардум нақши калон бозид. Аз ҷумла, эълон шудани Соли 2009-соли Имоми Аъзам ва дар доираи он баргузории Конфронси байналмилалӣ, конфронси илмӣ-амалии «Тоҷикистон ва фарҳанги исломӣ» соли 2010, конфронси ҷумҳуриявӣ ба муносибати 1200- солагии Имом Ал-Бухорӣ ва даҳҳои дигар аз муҳимтарин ташаббусҳои Пешвои миллат маҳсуб мешаванд.

Тадриҷан фарҳанги сиёсии мо низ такмил меёбад ва дар доираи музокирот бояд ҳама гуна низоъи бамаломада ҳаллу фасл карда шавад.

 

М. Қодирова, мутахасиси шуъбаи илми ДКМТ