ГИРДБОДАМ, ДОМАНИ САҲРО БОШАД ВАТАН МАРО

Юсуфи умеди ман умрест, афтода ба чоҳ,

Мекашам аз чоҳ мӯе гар расан бошад маро.

Ин байтест аз ғазали Миробид Сайидои Насафист, ки чорсад сол пеш иншо шудааст. Санъати талмеҳ, яъне ишора ба воқеаҳои таърихӣ дар образи Юсуф ин ҷо хуб истифода шудааст. Чун бародаронаш ба доми фиреб кашида, Юсуфро ба чоҳ мепартоянд. Шоир мегуяд агар ба даст ресмоне медоштам аз чоҳ ҳатто тори муйро мекашидам.

Байти мазкурро ба воқеаҳои сиёсии имрӯза муқоиса кунем, ҳақиқати ҳолро таҷассум мекунад. Фирефтаи пулу мол ва ақидаҳои бегонаи мазҳабӣ шуда, зумрае аз ҷавонони муҳоҷири меҳнатӣ берун аз Ватан шомили гуруҳи тундгароён шуданд.

Гарди ғарибӣ барвақт ин ҷавононро дар кӯйи мулки бегона дилгир намуд ва шавқу рағбати илму ҳунаромӯзӣ коста гардид. Афсурдаҳол ба сар андешаҳои парешон чунин ҷавонон бешак гумроҳ мешаванд. Дур аз ватан, волидон ва пайвандони хеш дар хизматини хоҷаҳои хориҷӣ.

Тоҷикистон он кишваре аст, ки қуллаҳои осмонбӯси куҳистон дорад ва обҳои мусаффо, дорои табиати нодир, меваҳои шаҳдбор. Ба дидори ин мулки зебо садҳо ҳазор сайёҳони хориҷӣ муштоқ ҳастанд. Мардуми ориёнажоди ин мамлакати биҳиштосо ба меҳмоннавозӣ ва лутфу меҳрубонӣ аз қуллаҳои баланди осмонбӯси кӯҳистон ибрат гирифтаанд.

Алқисса, барои бозгашт ба Ватан бо дастур ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми тадбирҳои амниятӣ то ба дараҷаи авф намудан муҳайё карда шуд. Ватан фарзандони худро фаромӯш намекунад. Гумроҳшудаҳоро боз ба оғӯш мегирад. Чашмаи куҳсор лаззати дигар дорад. Дар ҳалқаи оилаи худ  нишаста як пиёла чой нушидан бозам беҳтар. Ҳар як гӯшаи Ватан домани пок аст барои тоату ибодат ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ.

Юсуфҳои гумгашта аз чоҳи зулмат, хурофоту таассуб, мазҳаби бегона, хизмати аҷнабиён раҳоӣ ёбед, ки ҳоло бароятон чунин ресмонро дароз мекунанд. Ба қадри Ватан ва лутфу меҳрубониҳои Сарвари он мебояд расид….

 

Зайнидин Орифӣ,

мудири шуъбаи иттилотии

донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон