Таҷрибаомӯзии донишҷӯён бо геологи муваффақ Анвар Отаев

Дирӯз, омӯзгори кафедраи геология ва нафту газ Анвар Отаев донишҷӯёни курси якумро ба конҳои канданиҳои фоиданок бурда, аз наздик донишҷӯёнро бо қишрҳои геологӣ ва сарватҳои табиӣ шинос кунониданд.

Ҳамчунин, омӯзгор ва геологӣ касбӣ Отаев А. бо донишҷӯён аз корхонаи сангҳои ороишӣ ва “Фаровон” дидан намуда, аз маъданҳои истифодашаванда барои истеҳсоли маҳсулот озмоиш гузарониданд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи дастури ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар корхонаҳои истеҳсолӣ ва филиалҳои кафедраҳо гузаронида мешавад.

 

Шуъбаи иттилоот