“ГАПИ ОЗОД” Ё БИЗНЕСИ НАВИ РАДИОИ “ОЗОДӢ”?

Шояд хонандаи азиз суол кунад, ки чаро чунин унвонро ба мақола гузоштам?  Шояд номи дигареро барои барномаи “Гапи озод”-и радиои иғвобарангези Озодӣ ва ё фаъолияти он мегузоштем, аммо аз дидаҳо ва мушоҳидаҳо хулоса шуд, ки ин барнома ҳам идомаи сиёсати РИО (Радиои иғвобарангези Озодӣ) барои дасисабозиву фитнаандозист. Ва шояд хонанда ва шунавандаи РИО низ инро дарк карда бошанд, зеро охирин хулосагузориро мешавад аз баҳси дирӯз шурӯъ кард, ки ровӣ ва ҳамкорони ин маркази иғвобарангезӣ дар баҳси ду нафар, ки худро  мухолифин мепиндоранд, бештар тавозунро ба ҷониби роҳбари террористони наҳзатӣ М. Кабирӣ дод ва ҳар қадар ки метавонист аз наҳзатиён пуштибонӣ намуд.

Ҳамчунин дар суолгузорӣ ҳам бештар мавқеъгирӣ аз наҳзатиён кард ва ин маънои онро дорад, ки РИО бештар ба террористони наҳзатӣ афзалият медиҳад ва ин худ аллакай фурӯхташуда будани  ҳам баранда ё гардонандаи ин барномаро мемонад.

Аз ҷониби дигар ин ду нафар ҳам Д. Атовулло ва ҳам М. Кабирӣ мухолифони сиёсӣ ҳисоб намехӯранд ва ҳарду  ҳам дур аз Тоҷикистон зиндагӣ доранд, ки дар ин сурат даъво намудани баҳодиҳӣ ё худ андешаронӣ атрофи сиёсати имрӯзаи Тоҷикистон нодуруст мебошад. Сари баҳс шинонидани як рӯзноманигор ва як террорист ин аллакай бар хилофи этикаи журналистӣ мебошад ва дар ягон чаҳорчӯбаи адолат намеғунҷад ва аз ҷониби дигар поймолсозии ҳуқуқи шаҳрвандон низ ҳаст. Ҷомеаи Тоҷикистон ва дигар тоҷикони берунмарзӣ М. Кабирӣ ва аъзову пайравони ҳизбашро ҳамчун террорист ва хоин мешиносад ва ба террорист минбар додан, аллакай хилофи қонун мебошад, аз ҷониби дигар беэҳтиромӣ нисбати миллати тоҷик аст.

Дар баҳс нуктаҳои муҳим ва андешарониҳои солим умуман вуҷуд надошт, ки комилан сохта будани баҳси мазкурро бори дигар исбот менмояд ва аз ҷонибини дигар фурӯхташуда будани кормандони РИО-ро ифшо мегардонад.

Як суол ин аст, ки агар воқеан РИО ва кормандони дасисабозаш мехостанд, ки баҳсе атрофи мавзӯъҳои сиёсӣ сурат гирад, чаро онро ба таври онлайн пешкаши ҷомеа нагардониданд?

Сабаб дар чӣ буд, ки РИО ба террористон минбар дод?

Оё кормандони РИО қонунҳои Тоҷикистонро эътироф намекунанд?

Чунки суҳбат кардан бо террорист ва минбар додан ба он баробар бо ҳамон зарари расонидаи террорист мебошад, ки ин ҷо РИО дидаву дониста, озодона ҳамин масъулиятро пеш мебарад ва ин маънои онро дорад, ки  кормандони РИО тарафдорони террористон ва душманони миллати тоҷик мебошанд.

Дар ягон гӯшаву канори ҷаҳон пазируфта нашудааст, ки расона бояд ба террорист минбар диҳаду боз ақидаҳои ӯро тарғиб намояд, ин бар хилофи хостаҳои шаҳрвандон аст ва ин маънои онро дорад, ки кормандони РИО мақсаду маромашон ғаразнок ва фитнандозиву душманиварзидан бар миллати тоҷик мебошад.

М. Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ