Вохӯрии намояндагони корхонаҳои саноатӣ бо хатмкунандагон

Санаи 10.10.2022с. дар толори Шурои олимони донишкада вохӯрии хатмкунандагони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо намояндагони Корхонаи воҳидии давлатии «Фулузоти нодири Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот сардори бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон Назарматов Авазбек иттилоъ дод.   Ба вохӯрии мазкур директори КФ «Заргарӣ» Шониёзов Раҳмат Обидович ва намояндаи Корхонаи мошинсозии ш. Бӯстон Осимҷон ибни Усмон ташриф оварданд. Дар вохӯрӣ хатмкунандагони чунин ихтисосҳо иштирок доштанд:
– технологияи мошинсозӣ;
– таъмини корхонаҳои саноатӣ бо барқ;
– металлургияи металлҳои ранга;
– технологияи заргарӣ;
– тоза кардани канданиҳои фоиданок;
– корҳои кушоди кӯҳӣ ва дигар ихтисосҳо.
Ҳангоми вохӯрӣ намояндагони корхона м оид ба корхона, ҷойҳои холии корӣ, шарту шароитҳои корӣ, музди меҳнат ва имтиёзҳое, ки ба кормандон дода мешаванд, маълумот доданд. Намояндагони корхонаҳо аз донишҷӯён даъват ба амал оварданд, то ки онҳо бо баҳои хубу аъло хонанд ва дар корхонаҳои соҳавӣ кору фаъолият намоянд.

Қайд карда шуд, ки КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон» низ хатмкунандагони донишкадаро ба кор қабул менамояд. Ҳамзамон, пешниҳод намуданд, ки донишҷӯён таҳти роҳбарии устодон ба корхона барои гузаштани экскурсияҳо раванд, бо раванди истеҳсолӣ аз наздик шинос шаванд.
Баъд аз суханронии намояндагони корхона аз ҷониби донишҷӯён ҷиҳати музди меҳнат, шароити корӣ, қарордодҳои меҳнатӣ ва дигар саволҳо дода шуд ва онҳо ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.