Вохӯрии судманд бо масъулини Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд

Шурӯъ аз моҳи октябри соли 2022 дарсҳои амалии донишҷӯён дар корхонаҳои саноатӣ  ва муассисаҳои соҳавӣ оғоз гардид. Гузаронидани дарсҳои амалӣ дар корхонаву марказҳои саноатӣ ва муассисаҳои соҳавӣ баҳри татбиқи илм дар истеҳсолот ва баланд бардоштани дониши донишомӯзон ба роҳ монда шудааст, ки ҳадаф дар саноатикунонии босуръати кишвар саҳмгузорӣ буда, бо ин роҳ ҳамчунин таҷрибаҳои нав санҷида мешавад.

Вобаста ба ин нақша ва мароми нек донишҷўёни факултети «Иқтисодиёти саноатӣ ва зеҳни сунъӣ», кафедраи менеҷмент, ихтисоси 570102 – «Менеҷменти экологӣ ва аудит дар саноат» дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо масъулини соҳа мулоқот намуданд, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот мудири кафедраи менеҷмент н.и.и. Собирова Ш. иттилоъ доданд.

Вохўрии мазкур бо дастгирии роҳбарияти донишкада ва ташаббуси мудири кафедраи менеҷмент, н.и.и. Собирова Ш.Р. баргузор гардида, дар он омўзгорони кафедраи экология – Ҳоҷиён М.Қ. ва Абдуллоева Т. низ иштирок намуданд. Ёдовар мешавем, ки омӯзгори фаъол Ҳоҷиён М.Қ. таҷрибаи бой дар корхонаҳои саноатӣ дошта, метавонад баҳри донишҷӯён дониши бештаре дода бошад.  

Вохўриро бо сухани ифтитоҳӣ сармутахасиси шуъбаи банақшагирӣ, муҳосибот, кадр, ҳуқуқ ва коргузории Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд   Холиқзода Давронбек Раҳмат    оғоз намуда, сараввал оид ба таҷдиди сохтори Сарраёсат ва самтҳои фаъолияти 7 шўъба маълумот дод:

– шуъбаи банақшагирӣ, муҳосибот, кадр, ҳуқуқ ва коргузорӣ;

– шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ;

– шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, канданиҳои фоиданоки маъмули умум ва муомилот бо партовҳо;

– шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об;

– шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера;

– шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбороту иттилоот;

– шуъбаи экспертизаи экологӣ.

Сипас, сармутахассиси шўъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, канданиҳои фоиданоки маъмули умум ва муомилот бо партовҳо Собиров Ҳ. оид ба самтҳои фаъолияти шуъба маълумот дода, аз ҷумла қайд намуд, ки яке аз вазифаҳои асосии шуъба пешгирии ифлосшавии замин, ғайриқонунӣ истифодабарии канданиҳои фоиданоки маъмули умум ва муомилоти нодуруст бо партовҳо мебошад. Таъкид гардид, ки истихроҷи санг, қум, хоку рег ва муомилот бо партовҳо бояд дар асоси иҷозатнома ба роҳ монда шавад.

Дар рафти вохўрии мазкур донишҷўён Зокирзода Ш., Кучаков С., Сайфиддинов М., Тураев Ш. ва Эсанов Ф. вобаста ба самтҳои назоратии Сарраёсат саволҳои мушаххас доданд. Донишҷӯён оид ба муҳлати иҷозатнома, муаммои коркарди дуюмбораи партовҳо, хавфу безараргардонии лампаҳои симобдор ва пеститсидҳо, обшавии пиряхҳо, меъёрҳои ҳосилшавии партовҳои нақлиётӣ, роҳҳои муҳофизати аҳолӣ аз таъсироти радиатсионӣ ва рўйпушкунии партовгоҳҳои радиоактивӣ ва истифодаи махсуси об дар корхонаҳои саноатӣ суол дода, масъалаҳои мазкурро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Дар ҷавоб ба саволҳои додашуда Собиров Ҳ. аз ҷумла иброз дошт, ки солҳои пешин Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд барои безарар гардонидани лампаҳои симобдор таҷҳизоти «Экотром-2» харидорӣ намуда буд. Насби таҷҳизоти мазкур дар ҶСК «Чароғ»-и шаҳри Исфара имкон дод, ки то имрўз 135000 адад лампаҳои симобдор коркард карда шаванд.

Баъдан, сармутахассиси шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об Раҷабов Р. оид ба фаъолияти шуъба, назорати обҳои рўизаминӣ ва зеризаминӣ дар асоси талаботи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, ба саволҳои додашуда ҷавоб гуфт. Зикр карда шуд, ки корхонаҳо дар сурати истифода намуданашон аз чоҳҳои амўдӣ бояд иҷозати истифодаи махсуси обро гиранд.

Аз ин вохўрии судманд донишҷўён баҳри хеш маълумоти зиёди муфид гирифта, чанде аз онон хоҳиш намуданд, ки дар заминаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ё бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо таҷрибаи пеш аз дипломиро гузаранд.

Дар интиҳо мудири кафедраи менеҷмент номзади илмҳои иқтисодӣ Собирова Шукринисо Рахимовна ба роҳбарияти Сарраёсат ва масъулини он баҳри пазироии хуб  ва мулоқоту машварати пурсамар изҳори миннатдорӣ намуд.

Роҳбарияти кафедраи менеҷмент минбаъд, низ тасмим гирифтааст, ки чунин вохӯриҳоро бештар дар корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои соҳавӣ баргузор  намояд.