ВОХӮРИИ РАИСОНИ КДАМ ҶТ ВА РУАМ ҶИЭ БАҲОРЕСТ, ДАР МАСИРИ СУЛҲУ СУБОТ

Ҷомеаи ҷаҳонро имрӯз хатарҳои бузург таҳдид менамояд ва ин албатта барои ҳамагон ошкоро маълум аст. Раванди ҷаҳонишавӣ аз як ҷониб бо ҷиҳатҳои мусбиву манфии худ агар дар остон қарор дошта бошад, ҷанбаи дигар ин зуҳури падидаҳои номатлуб ба монанди терроризму экстремизм ва хислатҳои нодурусти ахлоқии мисли қочоқи маводи мухаддиру дигар ҷараёнҳои хатарзо ба ҳаёти инсонро таҳдид менамояд, ки ин ҳолат бисёр ҳам нигаронкунанда мебошад. Зеро омилҳои мазкур сабабгори нооромиву нотинҷи дар минтақа гардида, боиси аз байн рафтани уммеди саодат ва зиндагии шосита гаштаистодааст, ки мо инро дар шароити феълии ҳамсоякишварамон Афғонистон ва мардуми шарифи он хуб дарк менамоем. Ва чунин шароити вазнин ва хатарзоро ба мардуми Афғонистон созмонҳову гурӯҳҳои террористиву ифротӣ эҷод кардаанд, ки бояд ин тоифаи бадсиришт решакан карда шавад.

Тавре, ки расонаи иттилоотии кишвар “Ховар”  хабар медиҳад, дирӯз мулоқоти Раиси Раёсати умумии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо Раиси Кумитаи давлатии амниятии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт ва дар он мавзӯъҳои муҳими амнияти минтақа ва пешгири аз таҳдидҳову хатарҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки албатта ин масъала бисёр ҳам муҳим ва махсусан дар шароити феълӣ, ки анқариб ҳамаи созмонҳову гурӯҳҳои террористӣ ба ҷониби Афғонистон чашм давонидаанд, ҳамкорӣ дар роҳи пешгирӣ аз ин гуна хатарҳо ва зуҳуроти номатлуб хуб арзёбӣ мешавад.

Зеро ҳамаи мо хуб медонем,ки имрӯз кишвари Афғонистон ба майдони ҳарбу зарби гурӯҳҳои террористиву экстремисти ва қочоқчиёни маводи мухаддир табдил ёфтааст ва мардум аз зиндагии шоиста ва орому босубот маҳрум гардидааст, ки ин вазъ бояд чунин идома наёбад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо  ба шароити вазнину ҳаёти ноороми он ҷо таъкид намуда, ҳамеша талабгори осудагиву осоиштагӣ ва сулҳ дар ин минтақа ҳастанд, ки моро бетараф намегузорад.

Аз ин лиҳоз сафари Раиси Раёсати умумии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ҷумҳуриро хуш мепазирем ва ин иқдоми ҳайати Афғонистонро оғози фасли нав дар роҳи несту нобуд сохтани душман ва умуман душмани башарият арзёбӣ менамоем. Зеро терроризм ва экстремиз зуҳуроти номатлубест, ки ҳама таҳдиду зарарҳояш бар алайҳи инсон равона карда шудааст ва бештар ҳам зери ҳамлаи гурӯҳҳову созмонҳои террористӣ инсонҳо қарор мегиранд ва аксаран бегуноҳу сокинони осоишта мебошанд, бе ҳеҷ гуноҳе зарар мебинанд.

Ҳамон гуна, ки иттиллоъ дода мешавад, феълан кишвари Афғонистон ва сокинони онро созмонҳои байналхалқии террористии «ал-Койида», «Давлати исломӣ», «Ҳизби наҳзати ислом», «Ансоруллоҳ», «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ», «Ҳаракати исломии Туркистон» зери фишору таъқиб қарор додаанд, ки албатта амнияти минтақаро низ таҳдид мекунад.

Ба ҳамин хотир ҳамкории ниҳодҳои амниятии ду кишвар хеле ҳам судманд буда, ин иқдом метавонад барои оромиву сулҳ дар минтақа муҳиму саҳмгузор бошад. Зеро мо хуб медонем,ки ҷомеаи Афғонистон имрӯз дар шароити хеле вазнин қарор дорад ва ин шароити бади зиндагиро ба сари халқи Афғонистон ва ҳамсоякишвари мо ҳамин созмонҳову гурӯҳҳои террористӣ, ки зикри номашон дар боло рафт, овардаанд, ки ин аз чанд ҷиҳат хеле нигаронкунда мебошад.

Имрӯз бояд ҳамаи созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳашонро ба ҷониби Афғонистон равона созанд, то вазъият дар ин кишвар беҳтар карда шавад ва сафи гурӯҳҳову аъзоёни террористӣ кам карда шавад.

Зикр гардид, ки ҷониби Афғонистон, ки дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ қарор дорад, изҳор дошт, ки бо мақомоти низомию амниятии Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандро ба манфиати ду кишвар ва минтақа дар вобастагӣ бо хатарҳои нави геополитикӣ, таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолӣ боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад кард.

Албатта, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дигар дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва гурӯҳҳои ифротӣ намешавад дар алоҳидагӣ мубориза кард ва ин падидаи номатлубро решакан намуд, зеро манфиатҷӯён ва манфиатхоҳон ва душманони Афғонистон ва минтақа дар даст барномаҳои бузургро мечархонанд ва ин як сабаби нооромии Афғонистон аст, ки таз ин бештар мардуми осоишта азият мекашанд.

Баҳри мубориза ба ин гуна зуҳуроти номатлуб ва бисёр ҳам хашин дар Афғонистон моро зарур меояд, ки бештар ба муборизаи муштарак таваҷҷуҳ намоем, то ба сокинон ҳамон ҳуқуқи шаҳрвандияшонро таъмин сохта тавонем. Ҳарчанд гурӯҳҳои манфиатҷӯйи байналмилалӣ имрӯз Афғонистонро ба минтақаи ҳарбу зарб табдил додаанду онро бештару зиёдтар хароб сохтаанд.

 Дар умум чунин хулоса намудан мумкин аст, ки ин сафари Раиси РУАМ ҶИЭ ва мулоқоташ бо Раиси КДАМ ҶТ бисёр ҳам тақдирсоз ва судманд бар нафъи мардумони минтақа мебошад ва мо ин сафару музокиротро хеле ҳам муҳим ва чароғи сулҳу осудагӣ дар роҳи зиндагии шоистаи мардумони минтақа меҳисобем.

Меҳвар Абдусалом

Омӯзгори ДКМТ