Вохӯрии Назарзода Ризо муовини раиси кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо донишҷӯёни ДКМТ

Имрӯз, дар маҷлисгоҳи калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон хониши сиёсӣ бо ширкати меҳмон аз шаҳри Душанбе муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ, муовини раёсати ҳамин ниҳод дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ ва рекдори донишкада баргузор гардид.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ чорабиниро ифтитоҳ намуда, суханро ба меҳмон Назарзода Ризо доданд.
Назарзода Р.Ш. дар суханронии худ нахуст ба ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ барои корҳои ободониву созандагӣ дар кӯтоҳтарин фурсат изҳори миннатдорӣ намуд. Сипас, ҳозиринро ба 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, сипас аз фазилати истиқлол ва ваҳдату осоиштагӣ сухан гуфт. 

Ҳамзамон, Назарзода Ризо дар бораи дастгириву ғамхориҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қишри ҷавони кишвар ва варзишкорон ёдовар шуда, дастгирии роҳбари давлатро ба ҷавонон хеле назаррас ва беназир арзёбӣ намуд.
Ҳамчунин, дар суханронии хеш аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки хубу аъло хонанд ва содиқона бар миллат хидмат намоянд.

Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, аз меҳмонон барои ташриф ва суханронӣ изҳори миннатдорӣ намуданд. Сипас, дастгириву ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бар қишри ҷавони кишвар хеле баланд арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки дар ҷавоби ин ҳама ғамхориҳо мо бояд бо садоқати баланд бар миллату давлат хидмат намоед ва ватанамонро дӯст дорем. Ҳоло фурсате ҳаст, ки шумо донишҷӯён хубу аъло хонед, касб аз худ намоед ва мутахассиси хуб шавед.
Имрӯз, ҳама шароит барои илм омӯхтан муҳайё карда шудааст ва ягон камбудие бошад ба ман муроҷиат намоед, мо беҳтарин шароитро муҳайё менамоем, марҳамат хонед.
Дар интиҳои чорабинӣ ҳамчунин, Ғоибов Алишер муовини декани факултети металлургия суханронӣ намуд ва донишҷӯён бо меҳмонон акси хотиравӣ гирифтанд.
Шуъбаи иттилоот