Ворух як пораи ҷудонашавандаи тоҷику Тоҷикистонист!

Ворух – яке аз деҳаҳои Тоҷикистон буда, дори табиати мусаффо ва боду ҳавои табии тоза мебошад. Ворух – ҷамоати деҳоти мутааллиқ ба ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон аст. Аҳолии деҳа зиёда аз 31,000 нафар, аз он ҷумла 99,99% тоҷикон, 0,01% қирғизҳо. Дар соҳили дарёи Кшемиш, шохоби рости дарёи Каравшин ҷойгир аст. Якҷоя шудан бо Каравшин дар канори Ворух, дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, Кшемиш дарёи Исфараро ташкил медиҳад.

Деҳаи Ворух баъд аз Тамоҳуш ва Бамкахуш (қасабаҳои қадими Исфара) севвумин маркази таърихию фарҳангии водии Исфара мебошад. Вожаи Ворух аз «вара»-и форсии қадим гирифта шуда, маънии «қалъа», «мавзеи бо девор иҳоташуда»-ро дорад. Аз сабаби дар мобайни кӯҳҳо ҷой гирифтан Ворух номгузорӣ шудааст. Ба ақидаи авестошиносон калимаҳои Воруба раштӣ ва Воруҷа раштӣ ба Ворух пайвастагӣ доранд: «Дар Авесто сухан аз ҳафт кишвари яздонӣ меравад, ки дар замони тӯфони ҷаҳонӣ наҷотгоҳи башар маҳсуб мешуданд. Он ду кишвари шимолӣ бо номҳои Воруба раштӣ ва Воруҷа раштӣ бо Румон чун наҷотгоҳ ситуда шудаанд ва дар замони Фаридун номи ин ду кишвар ба Саразм табдил ёфт. Ворӯи Панҷакенти имрӯза, Ворухи ноҳияи Исфара ва Румони н. Бобоҷон Ғафуров дар Авесто бо номи ҳиндуаврупоӣ башорат медиҳад». Ҳамзамон дар «Гӯри муғ»-и Ворух пайкараи кӯчаки аз гач сохташудаи зан бозёфт шудааст ва тахмин меравад, ки шояд ин пайкараи яке аз наҷотдиҳандагони дигари башарият, фариштаи обҳои биҳиштӣ Аредвисура Анаҳито (нигаҳбони обҳои осмонӣ) бошад. Чунин номҳо далели онанд, ки замоне дар Ворух зардуштия ривоҷ ёфтааст ва номи Ворух низ метавонад аз он давра омада бошад.

          Ёдгориҳои таърихӣ. Аз ёдгориҳои таърихӣ дар ҳудуди Ворух Масҷиди Сурх, Масҷиди Домулло Азим, Мавлоно Саид, Мазори Сутуни Тофта ё Сутуни Ғайбӣ, Мазори Хоҷаи Балогардон, Мазори Чимирғон Бобо ё Шибирғонӣ, Мазори Қаршӣ ё Лори Ширхона, Гаҳвораи Заррин, Мазори Хоҷаи Ғор, Хӯҷаи Имом, Хоҷаи Чорсанг Бобо боқӣ мондаанд. Аҳолии деҳа аз авлоди Домуллотухмиҳо, Мирзоҳо, Хӯҷаҳо, Тӯраҳо, Эшонҳо, Сайидҳо, Махсумҳо, Қориҳо мебошанд.

Воҳидов А.

омӯзгори ДКМТ