ДАСТИ МАН АСТУ ДОМОНИ УСТОД….

Донишҷӯён

Домани устодро гирифта тай намудани пайраҳаи илм кори саҳл нест. Чунки пурпечутоб аст пайраҳаи фатҳи қуллаи илм. Ба зӯри сим сахтиҳои роҳи илмро нарм кардан, ҷавфурӯши гандумнамо шудан аст. Яъне, ришва дода баҳо гирифтан ва соҳиби диплом шудан, ҳанӯз маънии мутахасиси соҳа шудан нест. Шабҳо бедорхобӣ кашида нури чашмро сарфи мутолиа  ва навиштани рисолаи илмӣ кардан, ба нафс лаҷом задан ва ниҳоят дилбохтаи дониш шуда маҳкам домани устодро гирифтан боиси пӯшидани ҷомаи фатҳи илм мешавад. Ин ҳам ба илми дунявӣ дахл дораду ҳам ба динӣ.
Аммо ҷавонони каму беш саводи динӣ бароварда мушт бар сина мезананд, ки комилан аз аҳкоми шариат воқифанд. Зуд домани устоди худро сар дода, домани хоҷаҳои хориҷиро мегиранд. Ба андак зар мисли абрешим мулоим шуда ба доираи хоҷаҳои хориҷӣ рақс мекунанд. Гувоҳи ин ҳамлаи бераҳмона ба сайёҳони велосипедсавор дар шоҳроҳи вилояти Хатлон. Хати бутлон задан ба расми меҳмоннавозии мардуми тоҷик. 
Дар ин маврид Сайидо мефармояд: 
Шеваи чархи ситамгар доимо оҷизкушист,
Алҳазар, эй дӯстон, аз душмани номарди мо! 
Аҳли дилро сӯҳбати дунёпарастон офат аст, 
Кисаи зар душмани ҷон аст дар паҳлу маро.
Ҷавоне ки пайраҳаи илмро пайваста тай мекунад, домани устодро аз даст намедиҳад. Хуб медонад, ки ба шарофати устоди илм дар ин ҷода ба ҷое мерасад. Иродаю имони худро мустаҳкам медорад. Устувор аст пайи тасмимгариҳои худ. Барои ободии ватани худ саҳмгузор мешавад то суфраи хонаро бо касби худ обод кунад. 
Шарм мебояд он террористон ки дар хоки худ ҳамла мекунанд. Шаъну эътибори кишвари худро бояд тавассути ҳунари воло ва ҷилои дониш дар арсаи олам машҳур кард. Шишаи номуси миллатро аз нури маърифат бояд чароғон намуд. 

Абдумалики Олим, дотсенти кафедраи нафту гази ДКМТ  


Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

чор × чор =