Боздид ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз озмоишгоҳҳои кафедраи геология ва корҳои нафту газ

Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз озмоишгоҳҳои кафедраи геология ва корҳои нафту гази факултети корҳои кӯҳӣ дидан намуданд.
Ректори донишкада нахуст аз озмоишгоҳи сангшиносӣ дидан намуда, ҷиҳати боз ҳам замонавитар сохтани он ба декани факултет Самадова Гули ва мудири кафедра Олимов Абдумалик дастур доданд.
Ҳамзамон, ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ аз озмоишгоҳи нафт дидан намуда, ҷиҳати азнавсозии он ба масъулон машварат доданд.
Ёдовар мешавем, ки озмоигоҳи сангшиносии донишкада ҳамчун осорхонаи сангҳо низ маъруфият дорад ва дар он ҷо дарсҳои амалӣ низ гузаронида мешавад.
Шуъбаи иттилоот