Боздиди ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз корҳои ободонии факултети металлургия

Дирӯз, қабл аз сафар ба Норвегия ректори донишкада н.и.и., профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳамроҳии муовини ректор оид ба корҳои тарбия Аминҷонова Мавлуда аз корҳои ободониву созандагӣ ва ҷараёни фаъолияти кормандони бахши тарбияи факултети металлургия боздид намуданд. Дар факултети металлургия ҳоло як қатор корҳои ободонӣ оғоз гардида, дар девори роҳрави асосӣ 18 унсури Консепсияи милии  тарбияро бо шакли вижа  насб намудаанд, ки ректори донишкада аз ин тартиби кор тавсиф намуд.

Ёдовар мешавем, ки қабл аз баромадан ба рухсатии меҳнатӣ омӯзгорону кормандони донишкада талош мекунанд, то ҳадди имкон ободкориҳоеро ба роҳ андозанд, ки амал шоистаи таҳсин мебошад.

Шуъбаи иттилоот