БОЗГАШТИ МУЙСАФЕД

Дар  ҳошияи  навори  бозгашти   АЁМИДДИН САТТОРОВ – ЯКЕ АЗ АСОСГУЗОРОНИ ҲНИТ БА ТОҶИКИСТОН

Аёмиддин Сатторов, маъруф ба Мулло Аёмиддин ва Мавлавӣ Аёмиддин, яке аз асосгузорони ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) дар видеои нимсоатае, ки бо номи “Бозгашт аз ҷаҳаннам” нашр шуд, ҳамҳизбони собиқашро дар тамоми мушкилоти солҳои истиқлоли Тоҷикистон айбдор кард. Мулло Аёмиддин ахиран аз Аврупо ба Тоҷикистон баргаштааст.

Тавбаи муйсафедро тамошо карда сар ба зонуи андеша ниҳодам. Афсус як умри одами сарфи гумрох шудан ва пайвастшави ба ҳизби наҳзати ислом  гузашт. Пуч будани донаи  меваи сиёсати ин ҳизб барои  муйсафед акнун бо гузашти чоряк аср аён гашт.

Тавбаи А.Сатторовро пазируфта  ҳикмате ба ёдам расид.  

Як марди ҳаким тамоми умр хушбахт буд. Ӯ доимо табассум мекард, механдид, ҳеҷ кас ӯро ҳеҷ гоҳ ғамгин надида буд. Вақте ӯ пир шуд ва дар бистари марг мехобид, яке аз шогирдонаш ба ӯ гуфт:

– Устод, шумо ҳамаи моро дар ҳайрат гузоштаед. Барои чӣ шумо ҳеҷ гоҳ ғамгин намешавед? Чӣ гуна ин ба шумо муяссар мегардад? 

Пирамард дар ҷавоб гуфт:

-Замоне ман ҷавон будам, ман ҳам худи ҳамин гапро аз устодам пурсида будам. Устоди ман пир буд, ӯ ҳафтод сол дошт ва дар зери дарахт нишаста механдид. Ба назар чунин мерасид, ки ӯ бе ягон сабаб механдад. Онгоҳ ӯ ба ман гуфта буд:

“Замоне, ман ҳам мисли ту ғамгин будам. Нохост фикре ба сарам омад: ин интихоби ман аст-ку, ҳаёти ман! Танҳо ман ин интихобро ҳар рӯз, ҳар соат, ҳар дақиқа мекунам” . Аз ҳамон вақт инҷониб ҳар субҳ вақте бедор шавам, аз худ суол мекунам: Хайр, имрӯз ту чиро интихоб мекунӣ: ғамгинӣ ё хушбахтиро? Ва доимо ҳамин хел мешавад, ки ман хушбахтиро интихоб мекунам.

Оре, интихоби  роҳи дуруст дар арсаи  ҳаёт ба худи инсон баста аст.  Пас бояд шохрохи Истиклолият ва пайрахаи сулху ваҳдатро интихоб намуд.

Муборакшоҳи Саид,

Донишҷӯйи соли сеюми факултаи корҳои куҳии ДКМТ

 

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

ҳашт + понздаҳ =