Насиҳат гӯш кун, ҷоно

Дирӯз, дар бинои хобгоҳи донишҷӯён донишкада мулоқоти имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Бӯстон Қозиев Муҳаммадюсуф бо донишҷӯён сурат гирифт.
Чорабинии мазкур таҳти унвони “Насиҳат гӯш кун, ҷоно…” баргузор гардид. Чорабиниро нахуст муовини декани факултети металлургия Расулова Мунзифахон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба пешгири шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, зарари ташкилотҳои ифротӣ ва риояи одоби инсонӣ сухан ронд.
Сипас, имомхатиб Қозиев М. дар бораи моҳияти ташкилотҳои террористӣ, гурӯҳҳои ифротӣ, ҳадафу мақсади душманони миллат, ахлоқи ҳамида ва чанд омили муҳими ҳаёт сухан ронда, аз ҷавонон зиракии сиёсиро тақозо намуд.

Дар интиҳо сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада омӯзгори ҷавон ва шахси меҳандӯст Насриддинов Шаҳбоз суханронӣ намуда, ҷавононро ба меҳандӯстиву масъулиятшиносӣ даъват намуд.
Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси факултети металлургия баргузор гардид.